Муфаттиш боздошт шуд. Чаро Ҳасан Ёдгоров 8 моҳ нақши қотилро "бозид"?
Додситонии шаҳри Турсунзода як муфаттиши умури дохилиро ба шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ки ба гуфтаи мақомот, 8 моҳ бегуноҳ дар боздошт қарор дошт, муттаҳам кард. Шералӣ Азизов, корманди Бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, дастгир шудааст.