Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2019

13 дастаи мунтахаб дар ҳаштякфинали Ҷоми Осиё-2019

0
13 дастаи мунтахаб дар ҳаштякфинали Ҷоми Осиё-2019

Сездаҳ дастаи мунтахаб ба ҳаққи ширкат дар плей-офф ё даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол, ки дар Имороти  Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, мушарраф шуд.

Шоми сешанбеи 15-уми январ ду бозии даври севум дар гурӯҳи “В” доир гардид. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, ки тими Сурияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, ба ҳаштякфинал баромад.

Дар ин бозӣ, ки дар шаҳри Ал-Айни Иморот, дар варзишгоҳи Khalifa bin Zayed Stadium доир гардид, голҳои мунтахаби Австралияро Авер Мабил (дақиқаи 41-ум), Кристофер Икономидис (54) ва Том Рогич (90+3) ба самар расониданд. Ду голи мунтахаби Сурия ба Умар Хрибин (43) ва Умар Ал-Cома (80, пеналтӣ) марбут аст.

Бозии дигари ин гурӯҳ дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи Mohammed Bin Zayed Stadium баргузор шуд. Мунтахаби Урдун, ки дар байни 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аввалин шуда ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқот роҳ ёфтааст, бозиро бо тими Фаластин бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ба ин тартиб, мунтахаби Урдун бо 7 имтиёз дар гурӯҳи “В” мақоми аввал ва Австралия бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуданд. Ҳарду даста дар плей-офф ширкат меварзанд.

Инчунин дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд ва Баҳрайн аз гурӯҳи “А”, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ аз гурӯҳи “С”, Эрон ва Ироқ аз гурӯҳи “D”, Қатар ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “Е”, Узбекистон ва Ҷопон аз гурӯҳи “F” ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ мушарраф шудаанд.

Гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Иморот

3

1

2

0

4-2

5

2

Тайланд

3

1

1

1

3-5

4

3

Баҳрайн

3

1

1

1

2-2

4

4

Ҳиндустон

3

1

0

2

4-4

3

 

Гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Урдун

3

2

1

0

3-0

7

2

Австралия

3

2

0

1

6-3

6

3

Фаластин

3

0

2

1

0-3

2

4

Сурия

3

0

1

2

2-5

1

 

Гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Чин

2

2

0

0

5-1

6

2

Кореяи Ҷанубӣ

2

2

0

0

2-0

6

3

Қирғизистон

2

0

0

2

1-3

0

4

Филиппин

2

0

0

2

0-4

0

 

Гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

7-0

6

2

Ироқ

2

2

0

0

6-2

6

3

Ветнам

2

0

0

2

2-5

0

4

Яман

2

0

0

2

0-8

0

 

Гурӯҳи “E”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Қатар

2

2

0

0

8-0

6

2

Арабистони Саудӣ

2

2

0

0

6-0

6

3

Лубнон

2

0

0

2

0-4

0

4

Кореяи Шимолӣ

2

0

0

2

0-10

0

 

Гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

2

2

0

0

6-1

6

2

Ҷопон

2

2

0

0

4-2

6

3

Умон

2

0

0

2

1-3

0

4

Туркманистон

2

0

0

2

2-7

0

 

Ҳамин тариқ, дар ёздаҳ рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб 28 бозӣ доир гардид, ки 24-тоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва чор бозӣ мусовӣ шуд. 13 дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоӣ маълум гардид. Бозиҳои боқимондаи сабқати гурӯҳӣ боз се дастаеро, ки ба плей-офф мебароянд, аз миёни тимҳои ҷойҳои сеюм муайян хоҳад кард.

Дар садри рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми Осиё-2019 Алмоез Алӣ, узви дастаи мунтахаби Қатар, ки панҷ гол задааст, қарор дорад. Ӯ чор голро дар бозӣ муқобили мунтахаби Кореяи Шимолӣ ба самар расонидааст. Сардор Озмун (Эрон) ва Элдор Шомуродов (Узбекистон) сеголӣ задаанд.

Имрӯз, 16-уми январ, ду бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ - Чин ва Қирғизистон – Филиппин, инчунин ду бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “D” миёни тимҳои миллии Эрон - Ироқ ва Ветнам - Яман баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома хоҳад кард, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои аввалин бор дар  Ҷоми Осиё 24 дастаи мунтахаб ширкат дорад. Ӯ афзуд, “бозиҳо хеле ҷолибанд. Ба андешаи ман тими миллии Эрон барои дарёфти Ҷоми Осиё довталаби асосист. Инчунин дастаҳои мунтахаби Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Узбекистон низ муддаиёни унвони қаҳрамони Осиё мебошанд. Бозиҳои боз ҳам шавқовару пуршиддат дар марҳилаи плей-офф дар пеш аст.”

 

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ (ҷумъа)

Фаластин – Австралия – 0:3

Филиппин – Чин – 0:3

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

12-уми январ (шанбе)

Ветнам – Эрон – 0:2

Яман – Ироқ – 0:3

Лубнон – Арабистони Саудӣ - 0:2

13-уми январ (якшанбе)

Кореяи Шимолӣ – Қатар – 0:6

Умон – Ҷопон – 0:1

Туркманистон – Узбекистон – 0:4

14-уми январ (душанбе)

ИМА – Тайланд – 1:1

Ҳиндустон – Баҳрайн – 0:1

15-уми январ (сешанбе)

Австралия – Сурия – 3:2

Фаластин – Урдун – 0:0

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 Урдун - 3ACD

19:00 Тайланд - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 Австралия - 2F

22:00 Иморот - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Песня

Продвижение Музыки. Раскрутка Музыки. Продвижение Песни. Раскрутка Песни.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком

В Москве 1 июня стартует чемпионат по игре «Камень, ножницы, бумага»


Арина Соболенко

Разгром за час определил следующую соперницу Арины Соболенко на «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Стоматолог Татьяна Сумцова: проверенные способы сделать зубы белоснежными



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России