Овозхони дандонтилои бадахшонӣ дар саросари дунё машҳур шуд. Чаро?
Шуҳрати овозхони бадахшонӣ Адусалом Мафтун на танҳо дар миёни иштирокдорони озмуни "Ситораи афғон", балки хеле бештар аз он дар саросари дунё тавсеа ёфтааст. Дар рӯзҳои аввалине, ки ӯ барои иштирок дар ин сабқат ба шаҳри Кобул омад, дар баробари садои форам шабоҳати бузурги ин овозхони 28-сола ба нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо таваҷҷуҳро ҷалб кард.