Аз шеър то палав. Ҷои вохӯрии дӯстдорони осори Лоиқ. ВИДЕО
Моликони як ошхона дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки ошиқони шеъри Лоиқ Шералиро ҳар рӯз дар сари суфра гирди ҳам биоранд. Онҳо ошеро низ бо номи Лоиқ таҳия кардаанд, ки ба қавли ошпаз ё таббохи он Далер Сафаров аз палавҳои маъмулӣ бо донаи анор фарқ мекунад.