Вакил: боздошти Настя Рибка ҷанҷоли байналмилалӣ аст
Вакили шаҳрванди Беларусия Настя Вашукевич, ки бо номи Настя Рибка шинохта шудааст, боздошти ӯро дар фурӯдгоҳи Маскав ҷанҷоли калони байналмилалӣ номид.
Дмитрий Затсаринский дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони идораҳои ҳифзи тартибот Вашукевичро иҷборан аз зонаи транзитӣ ба қаламрави Русия бурданд. Ба гуфтаи вакил, бо ин рафтор мақомот аз салоҳияти худ суиистифода карданд.
Вашукевич, ки рӯзи панҷшанбе аз Банкок меомад, бояд аз зонаи транзитӣ ба ҳавопаймои парвози Минск менишаст. Дар наворе, ки шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд маълум аст, ки чӣ тавр мақомоти Русия шаҳрванди Беларусияро маҷубран ба курсии чархдор менишонанд.
Вашукевч ба фоҳишагӣ дар ҳайъати гурӯҳи одамон гумонбар шудааст. Ба гуфтаи вакилаш, ду зан аз Русия бар зидд ӯ ва мураббӣ оиди "рушди шахсият" Александ Кириллов шикоят навиштанд. Бинобар маълумоти пешакӣ ҷиноят дар қаламрави Русия содир шудааст. Вакил бештар аз ин ҷузъиёт надод ва гуфт, ки баробари дастрас шудани маълумоти иловагӣ матбуотро огоҳ хоҳад кард.
Сафорати Беларусия дар Маскав ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ки боздошти Вашукевичро меомӯзад.
Настя Вашукевич, ё Настя Рибка соли 2018 қаҳрамони таҳқиқоти раҳбари мухолифини рус Алексей Навалний буд, ки ба амалҳои ноиби нахуствазир Сергей Приходко ва бизнесмен Олег Дерипаска бахшида шуд. Навалний иддао кард, ки ин мансабдор моҳи августи соли 2016 се рӯз дар киштии Дерипаска, дар соҳилҳои Норвегия бо духтарҳое аз "агентии эскорт" хушгузаронӣ кард. Ҷузъиёти ин сафар аз китоб ва саҳифаи Настя Рибка дар Инстаграм маълум шуд. Навалний ноиби нахуствазир Сергей Приходкоро ба фасодкорӣ муттаҳам кард.