Писари вазир рисолаи номзадиашро аз нав дифоъ мекунад
Писари Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рисолаи номзадиашро аз сари нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дифоъ хоҳад кард. Шоҳин Саидзода соли гузашта дар Русия ба асардуздӣ муттаҳам шуд.