ВКД: "Дар Тоҷикистон 81% ба кори полис эътимод доранд"
Мақомоти Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки дар як пурсиши афкори умум аксари сокинон эътимоди худро ба полиси Тоҷикистон баён кардаанд.
Пурсиш моҳи декабри соли 2018 аз тарафи Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД дар миёни тахминан 2800 нафар баргузор шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, беш аз 81 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба фаъолияти кормандони милиса бовар доштаанд. Онҳое, ки ба кори ходимони полис бовар надоштаанд, беш аз 18 дар сад ҳисоб шудааст. Дар хабар инчунин омадааст, ки беш аз 74 дарсад гуфтаанд, "солҳои охир фаъолияти милитсия беҳтар шудааст".
Дар миёни бахшҳое, ки корашон аз назари пурсидашудаҳо “беҳтар шудааст”, хадамоти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, БДА ва хадамоти тафтишотро номбар кардаанд.
Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД гуфтааст, пурсиш бар асоси пурсишномаи иборат аз 17 суол баргузор шудааст. Санҷидани дурустии натиҷаҳои ин пурсиш тавассути манобеи мустақил имкон надорад.
Давоми 7 соли гузашта дар Тоҷикистон талошҳо барои гузариш аз низоми “милитсия” ба “политсия” идома дорад. Қарор аст соли 2020 исми милитсия ба шеваи байналмилалии политсия иваз шавад.
Дар миёни ормонҳои куллии ин ислоҳот – боло бурдани сатҳи касбии ходимони ҳифзи қонун, мубориза бо фасодкорӣ, хотима додан ба шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо мебошад. Ин ҳамон мушкилотест, ки имрӯз дар робита бо кори бархе ходимони милисаи тоҷик ба унвони интиқод садо медиҳад.