Домани Душанбе то Ҳисору Рӯдакӣ густариш меёбад
Беш аз ҳабдаҳ ҳазор гектар замини ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор, ки аз деҳаву ҷамоатҳо иборат аст, ба қаламрави Душанбе ҳамроҳ карда шудааст. Вале мақомот мегӯянд, барои комилан шаҳрнишин шудани даҳҳо ҳазор сокини рустоҳо фурсати бештар зарур аст.