Узви Шӯрои Федератсияро аз толори маҷлисгоҳ боздошт карданд
Дар Русия як сенатор – узви маҷлиси федеролии ин кишвар бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин боздошт шуд. Рауф Арашукови 32-сола, сенатор аз ҷумҳурии Қарачай-Черкесия рӯзи 30 январ аз дохили толори маҷлиси Шӯрои Федератсия боздошт шуд. ТАСС бо такя ба тафтишот навишт, ки Арашуков дар куштори ду нафар дар соли 2010 – муовини раиси ҳаракати ҷамъиятии "Адыгэ Хасэ" Аслан Жуков ва мушовири раҳбари ҷумҳурии Қарачай-Черкесия Фрал Шебзухов даст дорад. Манбаи оҷонсӣ гуфтааст, ки “маводи собиткунандаи ин иттиҳомот пурра ҷамъоварӣ шудааст”.
Боздошти Арашуков дар маҷлисгоҳи Шӯрои Федератсия рӯзи 30 январ ҷараён гирифт. Пеш аз ин аъзои маҷлис барои боздошти сенатор, ки аз масуният бархӯрдор буд, ризоият доданд. Дар Кумитаи тафтишоти Русия гуфтанд, ки Арашуковро муфаттишони ин ниҳод ҳамроҳ бо кормандони хадамоти амнияти иқтисодии ФСБ боздошт карданд. Қабл аз боздошти сенатор дар баробари аъзои Шӯрои Федератсия додситони кулли Русия Юрий Чайка “хулосаҳои додситон дар бораи зарурати аз масуният озод кардани Арашуков”-ро қироат кард. Хабаргузорӣ мегӯяд, ки ҳеҷ кас ба додситон саволе надод. Амалиёти боздошти сенаторро раиси Кумитаи тафтишоти Русия Алесандр Бастрикин назорат мекард.
Хабаргузориҳо мегӯянд, ки дар лаҳзаҳои суханронии додситони кулл Арашуков хост толори маҷлисгоҳро тарк кунад, вале бо дархости раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко “гашта дар курсиаш нишаст”. Худи Арашуков нахост дар ҷаласа суханронӣ кунад. Маълум нест, ки худи Арашуков ба иттиҳомоти ворида чӣ назар дорад ва то куҷо худро гунаҳгор эътироф мекунад.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки талош мекунанд дар чаҳорчӯби ин парванда Арашуковро ҳабс кунанд.
Дар ҷузъиёти кушторҳои 9 соли пеш оҷонсиҳои русӣ мегӯянд, ки Аслан Жуков аз тири туфанг кушта шуд ва Фрал Шебзухов дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ бо чӯбдаст ба ҳалокат расид.