HRW Русияву Сурияро барои истифодаи силоҳи мамнуъ маҳкум кард
Созмони ҳомии ҳуқуқи байналхалқии Human Rights Watch (HRW) "эътилофи низомӣ"-и Русияву Сурияро дар истифодаи силоҳи мамнуъ айбдор кард. Созмон мегӯяд, низомиҳои ду кишвар дар ҳамла ба минтақаи шимолу ғарби Сурия аз чунин силоҳ истифода кардаанд. Дар изҳороти HRW, ки 3 июн нашр шуд, омадааст, сар аз 26 апрел ба минтақаҳои таҳти назорати гуруҳҳои зиддиҳукуматии Сурия дар вилоятҳои Идлиб, Ҳама ва Ҳалаб ҳамарӯза садҳо зарба зада шудааст, ки дар пайи ин зарбаҳо 200 сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Читать дальше...