Вируси корона. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вазъияти фавқулодда эълон кард. ВИДЕО
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар поёни нишасти рӯзи панҷшанбеи худ дар бораи паҳн шудани коронавирус, вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард. Тедрос Адҳаном, мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, "агар ин вирус дар кишваре бо низоми беҳдоштии заъифтар паҳн шавад, намедонем чӣ хисороте мумкин рух диҳад". Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар поёни ин нишасти худ дар Женева хостори кӯмак ба кишварҳо барои муқобила бо паҳн шудани вирус шуд ва ба ин манзур ҳолати фавқулодда барои беҳдошти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд. Читать дальше...