Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 03.09.2020

Фаромуз Иргашов: "Худо гуфтам, 30-сола шавам ва дар интихобот ширкат кунам"

Ozodi.org 

Як вакили мудофеи ҷавон дар шаҳри Хоруғ гуфт, мехоҳад, дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон ҳамчун номзад иштирок кунад. Фаромуз Иргашов дар изҳороти видеоӣ эълон кард, ки узви ҳеч ҳизб нест ва ягон иттиҳоду созмони ҷамъиятӣ ҳам номзадии ӯро пешбарӣ накардааст, аммо то ин дам 35 ҳазор имзои ҷонибдоронашро ҷамъ овард, ки "кам нест ва ба як иттиҳод ё созмон баробар буда метавонад". Номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот бояд беш аз 200 ҳазор имзо ҷамъ биорад. Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро дар Тошканд ба дастаи Узбекистон бохт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Бозӣ шоми 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд бе ҳузури тамошогарон доир гардид. Ҳисобро дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 33-юм, ҳамлагари мунтахаби Узбекистон Шаҳзодбек Убайдуллоев кушод. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.  Дар оғози нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 48-ум, бозигари мунтахаби Тоҷикистон... Читать дальше...



Оё Тоҷикистон ба бунёди пойгоҳи низомии Чин иҷоза медиҳад?

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилои Вазорати мудофиаи Амрикоро дар мавриди эҳтимоли бунёди ниҳоди низомии Чин дар Тоҷикистон рад кард. Бо вуҷуди ин, бархе аз коршиносон бо дар назар гирифтани густариши ҳамкориҳои низомиву сиёсӣ миёни ду кишвар, вуҷуди ин гуна сенарияро аз эҳтимол дур намедонанд. Ҳамкориҳои дар ҳоли рушди Душанбеву Пекин, Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое мегузорад, ки Чин ба василаи онҳо мехоҳад ҷоҳталабиҳои сиёсии худро татбиқ кард. Чунин бардоштро аз гузориши солонаи Пентагон ба Конгресси Амрико метавон ҳосил кард. Читать дальше...

Бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон 96-сола шуд, аммо чаро соҳа рушди чашмрас надорад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ба фарқ аз солҳои дигар, имсол Рӯзи авиатсияи тоҷик дар ҳоле таҷлил гардид, ки бо сабаби паҳншавии бемории COVID-19 парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо қатъ шуд, бахше аз кормандони соҳа ба рухсахтии бемузд фиристода шудаанд. Бори аввал сеюми сентябри соли 1924 ҳавопаймои Ю-13 аз Бухоро ба Душанбе омад ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи авиатсияи тоҷик таҷлил мегардад. Маҳмуд Муҳаммадов, ки беш аз 40 сол таҷрибаи ҳавонавардӣ дорад, гуфт, вазъеро, ки ҳоло барои соҳа пеш омадааст, дар гузашта шоҳид нашудааст. Читать дальше...

Шобуддин Бадалов дар куҷост? Масъулони ВКД гуфтанд, ӯро истирдод накардаанд

Ozodi.org 

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр истирдоди Шобудин Бадалов, узви созмони дар кишвар мамнӯи “Гурӯҳи 24”-ро аз Русия ба Душанбе рад карданд. Як рӯз пеш намояндагони созмон хабар доданд, ки Шобудин Бадаловро субҳи 1-уми сентябр шахсони ношинос аз хонааш дар Нижний Новгород бурдаанд. Сӯҳроб Зафар, раҳбари созмон, иддао кард, ки ба иттилои дарёфтии онҳо Бадаловро маъмурони ВКД-и Тоҷикистон боздошт ва шоми 1-уми сентябр ба Душанбе бурдаанд. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон... Читать дальше...



Умед ба шурӯи музокироти мустақим баъди озодии 400 зиндонии Толибон

Ozodi.org 

Мақомот дар Афғонистон баъди озод кардани 400 зиндонии дигари Толибон гуфтанд, интизор доранд, ки музокироти сулҳ базудӣ шурӯъ мешавад. Мақомот гуфтанд, ки танҳо чанд нафарро дар зиндон нигаҳ медоранд, чунки бархе кишварҳои дигар бо озод кардани онҳо мухолифат кардаанд. Ҳафтаи ҷорӣ Кобул табодули зиндониҳоро аз сар гирифт, то ки фурсати шурӯи музокироти сулҳи байни афғонҳо дар Давҳаи Қатар фаро бирасад. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ Ҷовид Файсал рӯзи 3 сентябр гуфт, ки “талошҳои дипломатӣ идома доранд ва мо интизорем... Читать дальше...

Михаил Ефремов худро гунаҳгор эътироф кард

Ozodi.org 

Ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремов, ки як мунаққиди шадидлаҳни Кремл мебошад, дар додгоҳ эътироф кард, ки таҳти таъсири машрубот буд ва савори мошин сабаби марги инсон шуд. Ефремов дар мурофиаи рӯзи 3 сентябр хитоб ба додрас гуфт: “Ман гуфтание дорам. Ҷаноби додрас, ман гунаҳгор ҳастам”. Мурофиаи додгоҳии ҳунарпешаи маъруф рӯзи 5 август шурӯъ шуд ва Ефремов аз оғоз гуфтааст, ки ҳаводиси рӯзи 8-уми июнро ёд надорад ва худро гунаҳгор намеҳисобад. Айбдоркунандаи мурофиа гуфт, ки гунаҳгор будани Ефремовро баёноти полис ва шоҳидон тасдиқ мекунад.

Мансабдорони қазоқ аз ҳаққи доштани ҳисоби бонкӣ дар хориҷ маҳрум мешаванд

Ozodi.org 

Вазорати молияи Қазоқистон эълом кард, ки доштани ҳисоби бонкӣ дар хориҷ аз ин кишвар барои мансабдорони давлатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо манъ карда мешавад. Ин ташаббуси Вазорати молияи Қазоқистон дар пасманзари афзоиши норозигиҳо дар ҷомеаи Қазоқистон ба фасодкории мансабдорон ва ифшо шудани дороиҳои онҳо дар минтақаҳои оффшорӣ аст. Вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубаев 2 сентябр гуфт, ин нақша як ҷузъи барномаи ниҳоди зери раҳбарии ӯ барои мубориза бо иқтисоди соягӣ ва тақвияти назорати молиявӣ аст. Читать дальше...

ИМА кормандони Додгоҳи байналмилалии Гаагаро таҳрим кард

Ozodi.org 

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп нисбати додситони аршади Додгоҳи байналмилалии Гаага ва мушовири калони ӯ барои он ки ҷиноятҳои амрикоиҳо дар Афғонистонро таҳқиқ мекунанд, таҳрим ҷорӣ кард. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар ин бора изҳороте дод ва гуфт, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага “як сохтори харобшуда ва фасодзада” буда, ИМА талошҳои “ғайриқонунии ба ҷавобгарӣ кашидани амрикоиҳоро таҳаммул намекунад”. Помпео дар нишасти хабарии Департаменти давлатӣ гуфт, таҳримҳо алайҳи Фату Бенсуда... Читать дальше...

Русия дахолат ба умури Либияро рад кард

Ozodi.org 

Як масъули аршади умури Либия дар СММ гуфт, ки пуштибонҳои хориҷии рақибони ҳукумати  ин кишвар эмбаргои байналмилалии таъмини силоҳро нақз карда, онҳоро бо аслиҳа таъмин мекунанд. Фиристодаи муваққатии СММ барои Либия Стефани Уилямс рӯзи 2 сентябр дар Шӯрои амният гуфт, ки ин амалҳо истиқлолият ва тамомияти арзии Либияро нақз карда эмбаргои СММ оид ба таъмини силоҳро вайрон мекунад. Уилямс гуфт, ки баъди охирин ҷаласаи Шӯрои амният таҳти раҳбарии дабири кулли СММ Антонио Гутерреш дар таърихи 8-уми июл... Читать дальше...

Лукашенко раҳбарони КГБ-ву Шӯрои амниятро иваз кард

Ozodi.org 

Президент Александр Лукашенко рӯзи 3 сентябр бо чанд қарораш раҳбарони сохторҳои калидии интизомии кишварро иваз кард. Ба иттилои бахши Беларусии радиои Озодӣ,  Валерий Вакулчик, раиси КГБ ё Кумитаи амнияти давлатӣ ба мақоми раиси Шӯрои амният таъин шуд. Ба ҷои Вакулчик ба раҳбарии КГБ Иван Тертел таъин шуд. Тертел то имрӯз дар мақоми Кумитаи назорати давлатӣ кор мекард. Ҷои Тертелро дар ин кумита ба ҳайси иҷрокунандаи раис Валерий Герасимов гирифт. Герасимов дар мақоми муовини аввали кумита кор мекард. Читать дальше...

Рӯзноманигори маъруфи эронӣ ба беш аз 4 соли зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Рӯзноманигори эътирофшуда дар сатҳи байналмилалӣ Муҳаммад Мусоид ба 4 солу 9 моҳи зиндон маҳкум шуд. Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) ин ҳукмро “як талоши дигари фишор ба ҳақиқат” номидааст. Худи Мусоид дар Twitter навишт, ки Додгоҳи инқилоби исломии Теҳрон инчунин ӯро ба мӯҳлати ду сол аз идомаи кори журналистӣ ва истифодаи  дастгоҳҳои мухобиротӣ маҳрум кард. Ин шореҳи маъруфи масоили иқтисодӣ мегӯяд, додрас дар ҳукми худ гуфтааст, ки хабарнигор барои “сиёҳнамоӣ, бӯҳроннамоӣ, таҳрики мухотаб ва шикастани таҳкурсӣ” муҷозот мешавад. Читать дальше...

Нахуствазири Русия ба Минск сафар мекунад

Ozodi.org 

Рӯзи 3 сентябр қарор аст нахуствазири Русия Михаил Мишустин ба Минск сафар кунад. Ин дар ҳолест, ки аз 9 август ба ин сӯ дар паи интихоботи президентӣ, ки ба қавли мухолифон, тақаллуб шудааст, дар Беларус пайваста намоишҳои эътирозӣ барпо мешаванд ва ин кишвар дар як инзивои байналмилалӣ мебошад. Дар Русия, ки Беларусро шарики сиёсиву иқтисодӣ медонад, таҳаввулоти Минскро аз наздик мушоҳида мекунанд. Сафари Мишустин ба Минск ду ҳафта пеш аз мулоқоти барномарезишудаи президентони Русия ва Беларус ... Читать дальше...


Музыкальные новости
Антонина Арталевская

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»





Rss.plus
Театр

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия




Пасхальный концерт прошёл в Ульяновске

Суд смягчил приговор осужденному за вымогательство у топ-менеджера Ростеха

Вступают в силу: май

Скончался актер и каскадер из «Место встречи изменить нельзя»




Ҳизби ҳоким номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард

Ozodi.org 

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Масъулини ҳизб мегӯянд, тасмим дар ин бора рӯзи 3-юми сентябр дар Анҷумани ҲХДТ гирифта шуд. Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи ҲХДТ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар анҷумани ҳизб беш аз ҳазор нафар иштирок доштанд. Пешбарии номзад ба мақоми президентӣ ва тасдиқи барномаи ӯ аз мавзуъҳои асосии анҷуман будаанд. Намояндагони расонаҳои мустақил барои иштирок дар Анҷумани ҲХДТ... Читать дальше...

Зоишгоҳи вилоятии Суғд карантин шуд

Ozodi.org 

Зоишгоҳ ё таваллудхонаи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд пас аз ошкори шудани ҳолатҳои гирифтории 2 зани ҳомила ба бемории COVID-19, ба карантин шуда, дарҳояшро бастааст.  Як корманди маъмурияти ин таваллудхона гуфт, ки зоишгоҳ аз рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми сентябр ба карантин гирифта шуд. Ӯ афзуд, "сабаб ин, ки дар ду зани ҳомила вируси СOVID -19 ошкор намудем, онҳоро ба беморхонаи вилоятӣ равон кардем." Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, бемори коронавирус будани ҳар ду зани ҳомила зимни ташхис расман маълум шудааст. Читать дальше...

Олмон баъди ошкор шудани заҳр дар ҷисми Навалний, аз Русия "шарҳ талаб кард"

Ozodi.org 

Мутахассисони олмонӣ дар ҷисми мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний изи моддаи заҳрогини кимиёии марбут ба гуруҳи "Навичок"-ро пайдо карданд. Дар ин бора намояндаи ҳукумати Олмон хабар дод. Ҳукумати Олмон тасмим дорад, дар бораи натиҷаҳои ахири озмоиши Навалний ба сафорати Русия дар Берлин хабар диҳад. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки "бо қатъитарин шева" сӯиқасд ба Алексей Навалнийро маҳкум мекунанд ва аз ҳукумати Русия талаб доранд, ки ин ҳодисаро шарҳ диҳад. Бемористони "Шарите"-и Олмон гуфт... Читать дальше...

Сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки чаро дар Белорус тазоҳурот аст

Ozodi.org 

Теъдоде аз раҳгузарон дар Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, тазоҳурот дар Белорус аз он сабаб аст, ки Александр Лукашенко бинобар 26 соли ҳукумат дар назари онҳо “шум” шудааст. Баъзе гуфтанд, тазоҳурот кори “душманони дохиливу хориҷист.” Суҳбатҳоро бубинед ва назари худро бинависед.

Узбекистон касонеро, ки аз Қирғизистон баргаштанд ба карантин намегирад

Ozodi.org 

Афроде, ки давоми 14 рӯз дар Қирғизистон қарор доштанд ва ё дар даст санади мубтало набудан ба вабои коронавирусро доранд, баъди баргаштан ба Узбекистон ба карантин фаро гирифта намешаванд. Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, чунин талабот сар аз 1 сентябр роҳандозӣ шудааст. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки шуруъ аз 1 сентябр маҳдудияти рафту омади нақлиёт байни Узбекистону Қирғизистон бекор шудааст. Шаҳрвандони Узбекистон, ки ба Қирғизистон рафта ва танҳо дар он кишвар қарор доштанд,... Читать дальше...

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсараш бо Netflix қарордод имзо карданд

Ozodi.org 

Шоҳзодаи Бритониё Гаррӣ ва ҳамсараш Меган Маркл ширкати продюсериеро таъсис дода, бо онлайн-синамои Netflix созишнома имзо кардаанд. Номи ширкат ва маблағи созишнома ифшо карда намешавад. Гаррӣ ва Маркл бо таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ, бадеӣ, бисёрсериягӣ ва барномаҳои кӯдакона машғул хоҳанд шуд. Ин ҷуфт дар ибтидои соли равон аз иҷрои вазифаҳои намояндагони хонаводаи шоҳ даст кашиданд ва эълом карданд, ки мехоҳанд, аз нигоҳи молӣ мустақил бошанд. Онҳо ҳамроҳи писарашон Арчӣ ба Амрико рафтанд. Меган... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Большой театр

Театральный фестиваль «БАШНЯ» в Калининграде откроет Большой театр России




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

В Москве пройдет Братский кубок с "Динамо", ЦСКА и сербскими "Партизаном" и ОФК

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


ATP

Хачанов победил Шевченко во втором круге турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России