Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 21.09.2020

Яке аз Русия баргаштан мехоҳад, дигарӣ муштоқи бозгашт ба Русия аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хабари парвозҳои махсус барои донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ аз Душанбе ба шаҳри Минск дӯконҳои билетфурӯшии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-ро серодам кардааст. Билетҳои парвоз ба пойтахти Белорусро танҳо бар асоси рӯйхати Вазорати илм ва маориф мефурӯшанд, аммо муҳоҷирони корӣ ҳам ба назди дӯконҳо омадаанд ва мехоҳанд, аз ин роҳ худро то ба Русия бирасонанд. Одинаи Неъматзод, як сокини Душанбе, ки барои хариди билет омада буд, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои билет саргардонем. Читать дальше...

Беш аз 120 асари рассоми тоҷик ба коми оташ рафтааст

Ozodi.org 

Оташсӯзӣ дар манзили зисти як рассом дар ҷануби Тоҷикистон садҳо китобу асар ва мусаввараҳои ӯро аз байн бурдааст. Сухтор дар хонаи Ҷонибек Асозода, яке аз рассомони шинохта ва узви Академияи муссавирии Тоҷикистон, дар ноҳияи Восеъ, рӯзи 17-уми сентябр рух додааст. Вайс Асозода, писари рассом дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи ин оташсӯзӣ беш аз 120 асари тозаэҷод ва китобхонаи хусусии падараш бо 750 китоб ба коми оташ рафтааст. Ҷонибек Асозода, раҳбари гурӯҳи эҷодии рассомон дар Кӯлоб аст. Читать дальше...

Вазорати тандурустӣ аз сирояти коронавирус ба 44 нафари дигар хабар дод

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 42 мавриди нави бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва ҳамингуна теъдоди беморон ба 9388 нафар расидааст. Вазорат рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки айни замон 113 нафар бо аломатҳои беморӣ зери назорати табибон қарор доранд ва 44 нафарро ҳам баъди муолиҷа ба хона ҷавоб додаанд. Дар умум ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон тақрибан 87 дар сади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд ва... Читать дальше...



Коронавируси нав гиребони Ҳиндро сахт гирифтааст

Ozodi.org 

Бо вуҷуди суръат гирифтани сирояти коронавируси нав дар Ҳинд баъзе аз иёлатҳои кишвар иҷоза доданд, ки аз рӯзи 21-уми сентябр дари мактабҳо ба рӯи муҳассилин боз карда шавад. Дар ин кишвари 1.3 миллиард нафарӣ, вирус рӯзона то 100 000 касро бемор мекунад. Дар саросари ҷаҳон мавридҳои собитшудаи COVID-19 ба 31 миллион нафар расидааст ва бими он вуҷуд дорад, ки вирус метавонад, дар Ҳинд дар як ҳафта ба 1 миллион кас сироят кунад.  Дар Ҳинд то кунун 5.4 миллион нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд ва рӯзона аз он то ба 1000 нафар мефавтанд. Читать дальше...

Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд, интихоботи оянда "ғайриқонунӣ" аст

Ozodi.org 

Гуруҳе аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳуриро «ғайриқонунӣ» хонда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, ки натиҷаҳои онро эътироф накунанд. Паймони Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи кутоҳе гуфт, “интихоботи президентии 11-уми октябрро ғайриқонунӣ медонад, зеро, пас аз нақзи созишномаи Сулҳ ва пешвои миллат эълон шудани Э. Раҳмон, он дар мухолифат бо меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои кишвар баргузор мегардад.» Дар ин баёния ҳамчунин омадааст... Читать дальше...

ИМА афродеро, ки дар барномаи ҳастаии Эрон ширкат доранд, таҳрим мекунад

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 21-уми сентябр 20 шахсияту ниҳодҳои марбутаеро, ки дар барномаи ҳастаӣ, аслиҳаи мушакӣ ва маъмулии Эрон ширкат доранд, таҳрим хоҳад кард. Дар ин бора як мақоми баландпояи Амрико рӯзи 21-уми сентябр ба хабаргузории Рейтерс хабар додааст. Рӯзи 19-уми сентябр Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарфи назар аз мухолифати баъзе аз муттаҳидони аврупоиаш таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро якҷониба барқарор кард. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳушдор дод, ки... Читать дальше...



Боз як қурбонии лифти одамкуш дар шаҳри Душанбе

Ozodi.org 

Ҳафтаи пеш, сокини яке аз баландошёнаҳои Душанбе қурбони лифти корношоям шудааст. Ҳамсояҳои зани фавтида мегӯянд, солҳост, ки лифти вайрон аз василаи интиқол ба манбаи хатар табдил ёфтааст. Аммо ба гуфтаи онҳо ҳеҷ ниҳоде ба додашон намерасад.

Ахбори Озодӣ аз 21-уми сентябри соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Мардуми корафтода талош дорад ба воситаи Беларус ба Русия сафар кунад, фавти зан дар лифти вайрони бинои истиқоматии шаҳри Душанбе, дар Рeсия як гурӯҳи табибонро бо кӯдакфурӯшӣ муттаҳам мекунанд , болоравии нархи хишт дар Тоҷикистон ва матолиби дигар.

USAID гуфт, 300 000 нафарро дар Тоҷикистон бо оби пок таъмин мекунад

Ozodi.org 

Як муассиаи имдодии Амрико эълон кард, ки ба иҷрои барномаи 12 миллион долларӣ барои таъмини мардуми деҳот бо оби пок дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳадафи барномаи Оҷонси Амрико Барои Рушди Байналмилалӣ, ки дар муддати 5 сол иҷро мешавад, таъмини дастрасии камаш, 300 ҳазор нафар аз сокинони деҳот ва маҳаллаҳои наздишаҳрӣ ба оби пок аст. Дар баёния омадааст, ки “дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошти муносиб ва мудирияти муносиби захираҳои об... Читать дальше...

Милисаи собиқ, коммунисти содиқ. Номзад ба мақоми президент аз Ҳизби коммунист кист? 

Ozodi.org 

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон нафареро номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешниҳод кард, ки чеҳраи ношинохта дар сиёсат дониста мешавад. Нафаре, ки собиқаи кор дар милиса, Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва дигар идораҳои ҳукуматиро дорад, пас аз шаш соли нафақа, раиси куҳантарин ҳизб дар Тоҷикистон шуд. Мироҷ Абдуллоеви 72-сола бузургсолтарин нафар дар миёни панҷ номзад аст, ки се сол пеш, дар 69-солагӣ вориди сиёсат шуд ва якбора ба болотарин мақоми Ҳизби коммунистӣ расид. Читать дальше...

Муҳаммадризо Шаҷариён ҳунармандони дар хидмати сиёсатро сахт танқид кард

Ozodi.org 

Муҳаммадризо Шаҷариён, аз овозхонҳои маъруфи Эрон дар як мусоҳиба бо рӯзномаи "Шарқ" аз аҳамияти "вазифаи ҳунарманд" дар ҳамбастагӣ бо мардум ва додхоҳӣ дар баробари сиёсат сухан гуфтааст. Оқои Шаҷариён солҳо буд, ки бо расонаҳо cӯҳбат намекард. Ӯ ҳамчунин ҳунармандонеро, ки хидмат ба сиёсатро афзал мешуморанд, "одамони бечора ва бемоя" хондааст, чун ба ақидаи ӯ дар пайи "вазифа ва қудрат" ҳастанд. Ба гуфтаи Муҳаммадризо Шаҷариён, "ин сиёсат аст, ки ба ҳаққу ҳуқуқи ҳунармандон ворид шудааст", вагарна ҳунармандон коре ба сиёсат надоранд. Читать дальше...

Вазирони Аврупо дигарбора таҳримот ба зидди Белорусро баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар шаҳри Брюссел дигарбора дар бораи эъмоли таҳримот ба зидди Белорус гуфтугу мекунанд. Се ҳафта пештар иттиҳодия қавл дод, ба зидди он мақомоти Белорус, ки ба саркӯби тазоҳургарон муттаҳам мешаванд, таҳримот ҷорӣ мекунад. Бештар аз як моҳ аст, ки дар ин кишвар эътирозҳо ба зидди натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август ва раиси ҷумҳур Александр Лукашенко идома дорад. Интизор меравад, ки Светлана Тихановская, пешвои мухолифони давлат дар Белорус рӯзи 21-уми сентябр бо Ҷузеп Борел... Читать дальше...

Беҳтарин шиноварони Тоҷикистон муайян шуданд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ, ки бо  ширкати 60 варзишгар дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба намудҳои обӣ баргузор шуд, мубориза барои медалҳо миёни шиноварони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд сурат гирифт. Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, варзишгарон оид ба тарзҳои мухталифи шиноварӣ (озод, брасс, пуштнокӣ, парвона, маҷмуӣ) ба масофаҳои гуногун миёни мардону занон ва ҷавонон рақобат карданд. Дар натиҷа намояндагони Душанбе дар бештари масофаҳо ғолиб омада... Читать дальше...

Дар муноқишаи мухлисони футбол дар Хоруғ 21 нафар маҷруҳ шудааст

Ozodi.org 

Бино бар маълумоти расмӣ, дар як муноқиша миёни мухлисони ду дастаи футбол дар маркази Вилояти Бадахшон 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва чанд бинои маъмурӣ осеб дидааст. Ҳодиса бегоҳи 19-уми сентябр дар майдончаи варзишии мактаби рақами 2-и Хоруғ рӯй додааст.  Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, ки муноқиша баъди мусобиқаи футбол миёни мухлисони дастаҳои "Гулакен" ва "Хоруғи боло"-и сар задааст. Дар баёния омадааст: "Дар натиҷаи сангпартоӣ аз... Читать дальше...

"Истиқлол" бори нуҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки рӯзи якшанбе, 20-уми сентябр, бозии даври шонздаҳуми қаҳрамонии Тоҷикистонро дар меҳмонӣ бо тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, се давр пеш аз ба охир расидани мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар барандаи медалҳои тилло гардид. Дар ин дидор Рустам Соиров, ҳамлагари ҷавони “Истиқлол”, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 45+2, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Кароматулло Саидов дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 47-ум зад. Ӯ тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Читать дальше...

Боздошти эътирозгарон дар шаҳри Минск

Ozodi.org 

Рӯзи 20-уми сентябр афсарони ниқобпӯш даҳҳо эътирозгарро дар шаҳри Минск-пойтахти Беларус боздошт намуданд. Баъди интихоботи президентии 9-уми август мухолифини ҳукумати Беларус истеъфои Президент Александр Лукашенкоро талаб доранд.



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пол Маккартни

«Возомнил себя Полом Маккартни?»: Соседов назвал причину творческого провала Никиты Преснякова в США




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Рафаэль Надаль

Рафаэль Надаль: Рекордный 10-кратный чемпион, побежденный в двух сетах Хубертом Гуркачем на Открытом чемпионате Италии | Теннисные новости



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России