Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 29.09.2020

Аз роҳу хонаҳои вайрона то пинҳонгоҳ. Зарбаи сахти ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба ғайринизомиён. АКС

Ozodi.org 

Даргириҳои шадид миёни нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ аз ду тараф чандин куштаву захмӣ барҷой гузоштаанд. Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони таваққуфи фаврии ҷанг шудааст, ду ҷониб якдигарро ба доман задани набардҳо муттаҳам мекунанд.

Латифзода: "Мардум мегӯянд, алакай интихоби худро кардаанд"

Ozodi.org 

Рустам Латифзода, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми сентябр гуфт, дар чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ва Хатлону Суғд бо мардум дидору мулоқот дошт ва маълум шудааст, ки онҳо аз ҳоло "интихоби худро кардаанд".

Идомаи баҳси забони адабӣ ва лаҳҷа

Ozodi.org 

Бахши аввалро дар инҷо хонед Навиштаи Ҳафиз Қаландаров Бахши 2. Забон ва лаҳҷа Фарқи бунёдии забони адабӣ аз лаҳҷа дар он аст, ки аввалӣ шакли хаттӣ дорад, бояд аз ҷониби давлату мақомот дастгирӣ ёбад, дар мактабу мадраса омӯзонда шавад ва меъёри ниҳодинаи забон ба шумор меравад. Лаҳҷа гӯишест, ки бар пояи ҳамон забон, аммо дар доираи танг ташаккул меёбад, ҳарчанд ба сарватмандии забон кумак мекунад, ҳаргиз ҷойи онро гирифта наметавонад. Ҳолати 3 Тақрибан 4-5 сол пеш як ҳамсояам, модарашро... Читать дальше...



COVID-19 ва "ҳавас" боис ба афзоиши дуздӣ дар Тоҷикистон шудаанд

Ozodi.org 

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳашт моҳи имсол беш аз 4350 мавриди дуздиро сабт кардаанд ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 600 ҳолат зиёд аст. Сокинон низ аз афзоиши ҳолатҳои дуздӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар шикоят доранд. Ҷомеашиносон вазъро ба пандемияи коронавируси нав ва бекории бахше аз аҳолӣ рабт медиҳанд. Мавлуда, сокини 45-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, гуфт, ҳафтае пеш шахси номаълум ба хонаашон ворид шуда, телевизори тамғаи "Самсунг"-ро дуздидааст. Читать дальше...

Дар таркиши мошине дар Афғонистон 14 нафар ҷон дод

Ozodi.org 

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар паи таркиши бомбаи сарироҳӣ дар вилояти марказии Дайкундӣ дастикам 14 мулкӣ кушта шуд. Бо ин ки дар Қатар ҳукумат ва Толибон музокироти сулҳ барпо кардаанд, хушунат дар саросари кишвар кам намешавад. Сухангӯи волии Дайкундӣ Насрулло Ғӯрӣ дар сӯҳбат бо бахши Афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафт зан, панҷ кӯдак ва ду мард ҳангоме ҷон доданд, мошинашон ба як маводи сарироҳии тарканда бархӯрд. Дар ҳодисаи рӯзи 29-уми сентябр инчунин се мусофир маҷрӯҳ шудааст. То ҳол... Читать дальше...

Помпео Арманистону Озарбойҷонро ба хатми низоъ даъват кард

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 29-уми сентябр аз Арманистону Озарбойҷон, ки ҳамоно дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ даргир ҳастанд, тақозо кард, ки низоъҳоро хотима бидиҳанд. Қаробоғи Кӯҳӣ, ки аксар сокинонаш арманитабор мебошанду аз ҷониби Арманистон пуштибонӣ мебинанд, дар дохили қаламрави Озарбойҷон ҷойгир аст. Соли 1990 ин минтақа истиқлолияти худро эълон кард, вале ҳеҷ кишваре инро ба расмият нашинохт. Помпео, ки бо як сафари корӣ дар ҷазираи Крит  қарор дорад, мавзӯи Қаробоғи Кӯҳиро... Читать дальше...

Дар вилояти Суғд нархи гӯшт боло рафт

Ozodi.org 

Моҳи ҷорӣ дар гуштфурӯшиҳои маркази вилояти Суғд нарх якбора боло рафтааст. Фарқият байни нархномаи расмӣ ва қиммате ки савдогарон гӯштро мефурӯшанда аз 8 то 10 сомниро ташкил мекунад.



Даргузашти академик Мӯсо Диноршоев

Ozodi.org 

Мӯсо Диноршоев, файласуфи маъруфи тоҷик имрӯз дар синни 86 солагӣ даргузашт. Ин доншманди шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Ду сокини Беларус барои занозанӣ бо полис ба беш аз 3 соли зиндон маҳкум шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Беларус ду мардро, ки ҳангоми ширкат дар намоишҳои эътирозии зидди Александр Лукашенко бо полис занозанӣ карданд, ба зиндон маҳкум кард.   Рӯзи 29-уми сентябр додгоҳе дар шаҳри Молодечно, ки дар наздикии Минск қарор дорад, ҳукм кард, ки Павел Песков ва Владислав Евстигнеев барои ба таври хушунатомез итоат накардан ба полис маҳкум ба зиндон мешаванд. Додрас Виктория Полошук ҳукм кард, ки Песков ба 3 солу 3 моҳи зиндон ва Евстигнеев ба 3 соли зиндон маҳкум мешаванд. Ин нафарон дар он гунаҳгор шуданд... Читать дальше...

Боздошти 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав. Муҳоҷирон мегӯянд, дар шароити бад ҳастанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пулиси Русия шаби 28-уми сентябр тақрибан 40 муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Одинтсовои Маскав боздошт кардааст. Муҳоҷирон мегӯянд, як рӯз боз гурусна ва дар шароити нохуб ҳастанд.

Ахбори Озодӣ аз 29-уми сентябри соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Сарвазири Узбекистон дар Душанбе аз ҷумла боз шудани марзи миёни ду кишварро баррасӣ мекунад, даргузашти академик Мӯсо Диноршоев, болоравии нархи гӯшт, мусоҳиба бо номзади нокоми мақоми Президенти Тоҷикистон Фаромуз Иргашев ва матолиби дигар.

Боздошти 40 муҳоҷири тоҷик дар Маскав

Ozodi.org 

Пулиси Русия шаби 28 уми сентябр наздики 40 муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Одинсовои Маскав боздошт кардааст. Муҳоҷирон мегӯянд, як рӯз боз гурусна ва дар шароити нохуб нигаҳдорӣ мешаванд. Далели боздошти онҳоро пулис надоштани патент барои кор дар ноҳияи Одинсово унвон кардааст.

Ширкати байналмилалии ҳавоии Украина парвозаш ба Арманистонро боздошт

Ozodi.org 

Дар паи даргириҳои нав дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ширкати байналмилалии ҳавоии Украина парвози нақшавӣ ба Ереванро боздошт. Ширкати ҳавоӣ дар изҳороте гуфт, бо нигарониҳои амниятӣ аз парвоз бар фарози Арманистону Озарбойҷон худдорӣ мекунад. Парвоз ба Ереван, пойтахти Арманистон дар таърихи 2 ва 3 октябр ва ба пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки тасмим дар бораи ин парвозҳо дертар гирифта мешавад.  Арманистон рӯзи 27 сентябр гуфт... Читать дальше...

Дар Будапешт гулгаште бо номи Чингиз Айтматов бунёд мешавад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Будапешт бо ширкати ҳайати Қирғизистон маросими кушоиши боғи ба номи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ медиҳад. Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 28 сентябр бо сафари расмӣ ба Маҷористон (Венгрия) рафт. Ҷеенбеков дар ин сафар бо сарвазири Венгрия Виктор Орбан мулоқот мекунад. Ду мақомдор эъломияи шарикии стратегӣ, тафоҳумномаи бунёди рушди Қирғизистону Маҷористон ва дигар санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо мерасонанд. Читать дальше...

COVID-19 дари мактабҳои Москваро барои ду ҳафта баст

Ozodi.org 

Шаҳрдории Москва Сергей Собянин эълом кард, ки дар робита ва авҷгирии вабои COVID-19 хонандагони мактабҳо аз 5 октябр то 18 октябр ба таътил фиристода мешаванд. Дар ин бора сомонаи шаҳрдории Москва хабар додааст. Одатан таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Русия як ҳафта идома мекунад. "Бо тавсияи пизишкон ва бо назардошти авҷгирии бемориҳои хоси мавсими тирамоҳ ва афзоиши сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вабои коронавирус тасмим гирифта шуд, ки таътили тирамоҳӣ ду ҳафта эълом шавад", - омада аст дар изҳороти Собянин. Читать дальше...

Академик Мӯсо Диноршоевро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Мӯсо Диноршоев, файласуфи маъруфи тоҷикро, ки рӯзи 29-уми сентябр дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Маросими видоъ бо ӯ дар наздикии хонааш дар маҳаллаи "километри 7-ум" баргузор шуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ марги Мӯсо Диноршоевро "талафоти бузург ба ими тоҷик" номид. Ӯ гуфт: "Муаллифи даҳҳо рисолаи таҳқиқотӣ ва садҳо мақола буданд. Аз шахсиятҳое буданд, ки дар тарҷумаи осори Абуалӣ ибни Сино ва файласуфони дигар нақши бузург доштанд. Читать дальше...

Мавзӯи андозсупориҳои Трамп дар меҳвари дебати интихоботиаш бо Байден қарор мегирад

Ozodi.org 

Рӯзи 29-уми сентябр қарор аст нахустин музоҳираи интихоботии Доналд Трамп ва Ҷо Байден баргузор шавад. Нашрияи New York Times дар як таҳқиқот андозсупориҳои президент Доналд Трампро таҳқиқ кард ва ҳоло интизор меравад, ки дар ҷараёни баҳси 90-дақиқагии ду номзад ҳамин масъала авлавият хоҳад дошт. Нашрия гуфт, ки давоми 17 соли охир Трамп аз роҳи гузориш додани ин ки даромадашро аз даст додааст,  ба давлат андози хеле кам пардохт кардааст ваё аслан андоз надодааст. Таҳқиқоти журналистӣ мегӯяд, ки... Читать дальше...

ВКД: "Раҳматилло Зойировро сагаш ба ҷӯй афтонд". Раиси ҲСДТ: "Ду нафари ношинос заданд." ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократро касе назада, балки сагаш ба даруни ҷӯйбор афтондааст. Раҳматилло Зойиров дар вокуниш ба баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, "чунин назар бепоя ва пур аз иштибоҳ аст. Дар зудтарин фурсат дар ин замина баёнияи расмӣ нашр мекунем”.  Вай пештар гуфта буд, ки шоми 22-юми сентябр шахсони ношинос дар наздикии хонааш дар шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла карда, ба сару чашмаш осеб расонданд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Bon Jovi

Гітарист Річі Самбора шкодує, що не пішов із Bon Jovi раніше





Rss.plus
Динамо

"Динамо" вышло на первое место в РПЛ за два тура до финиша




В Москве прошел приуроченный к полумарафону «ЗаБег. РФ» пресс-завтрак

Наталья Сергунина: Более 450 событий подготовят ...

Представители ДКиС поселения Воскресенское пригласили жителей на концерт

Сомнолог Царёва назвала дневной сон «вынужденной мерой»




Ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров дар Душанбе клуби варзишӣ сохт: Раҳмон онро ифтитоҳ кард

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст

Таҳқиқот. Оё бемористонҳои Тоҷикистон ба қадри кофӣ ДНС (ИВЛ) доранд?

Ozodi.org 

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз баҳори имсол то ба ҳол борҳо гуфтаанд, ки ба қадри кофӣ ДНС доранд, аммо беморон ва наздиконашон ҳамвора аз камбуди дастгоҳҳо дар баъзе аз шифохонаҳо шикоят мекунанд. Ҳақ ба ҷониби кист?

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо Светлана Тихановская мулоқот кард

Ozodi.org 

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баъди мулоқот бо раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская дар Литва ваъда дод, ки Аврупо дар бӯҳрони сиёсии Беларус миёнҷигӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки “мо, аврупоиҳо, беҳтарин талошамонро барои миёнҷигӣ ба харҷ медиҳем”. Тихановская баъди ин дидор ба хабарнигорон гуфт, ки президенти Фаронса “ба мо ваъда дод, ки барои барпо кардани музокирот дар ин давраи бӯҳрони сиёсии кишварамон кӯмакашро дареғ намедорад ва ӯ инчунин барои озод кардани ҳама зиндониҳои сиёсӣ   мусоидат хоҳал кард”. Читать дальше...

Рӯзи сеюми даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Ozodi.org 

Даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар қаламрави минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи сеюм – 29-уми сентябр ҳам идома дошт ва бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои хатми ҷанг, ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар ҷон додааст. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки низомиёни арманӣ  минтақаи Дашкесянро ҳадаф қарор доданд, ин иттиҳомро Ереван ҳамчун “дурӯғи маҳз” рад кард. Дар изҳороти вазорати дифои Озарбойҷон гуфта шуд... Читать дальше...

Полша панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро истирдод кард

Ozodi.org 

Аз кишвари аврупоии Полша ахиран панҷ шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони иртибот бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” истирдод шуданд. Radio Poland навиштааст, ки ин нафарон дар ҷалби шаҳрвандони Полшаву Украина ба амалҳои террористӣ дар қаламрави Полша гумонбар мешуданд. Исми ин шаҳрвандон нашр намешавад. Вале гуфта мешавад, ки чор шаҳрванди Тоҷикистонро моҳи маи соли ҷорӣ боздошт карданд. Нафари панҷумро дар чаҳорчӯби як амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ дастгир карданд. Ин нафар моҳи декабри соли 2019 аз хоки Полша фирор карда буд. Читать дальше...

Санаи оғози эстафетаи машъали олимпӣ маълум шуд

Ozodi.org 

Эстафетаи машъали олимпӣ 25-уми марти соли 2021 дар префектураи Фукусима оғоз ёфта, 121 рӯз идома хоҳад кард. Дар ин бора сайти кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, эстафета аз маркази тамринии футбол дар шаҳри Фукусима шуруъ шуда, сипас ба тамоми 47 префектураи (минтақаҳои маъмурӣ) Ҷопон сафар мекунад. Хабар дода мешавад, кумитаи тадорукоти Бозиҳо барои таъмини эстафетаи бехатар ва боэътимод як қатор чораҳоро меандешад, ки ба онҳо пандемияи коронавирус таъсир расонида натавонад. Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

На летнем джазовом фестивале в Перми выступит внучка барда Юрия Визбора




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Не успели программисты сдать ГТО. Теперь УМО?

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


WTA

Потапова проиграла Остапенко во втором круге турнира WTA 1000



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Собянин. Главное за день



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России