Тошканд ва Алмато арзонтарин шаҳрҳои дунё номида шуданд
Нашрияи бритониёии The Economist шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон ва шаҳри Алматои Қазоқистонро ба гуруҳи шаҳрҳои панҷгонаи арзонтарини дунё шомил кардааст. Таҳқиқоти арзиши зиндагӣ дар ҷаҳон дар соли 2020, ки аз сӯи "Economist Intelligence Unit" анҷом шудааст, нархи 138 маҳсулоту хидматрасониро дар беш аз 130 шаҳри ҷаҳон муқоиса мекунад. Муаллифони таҳқиқот шаҳрҳои Димишқ (Сурия), Тошканд (Узбекистон), Лусака (Замбия), Каракас (Венесуэла) ва Алмато (Қазоқистон)-ро ба гуруҳи шаҳрҳои панҷгонаи арзонтарини дунё шомил намудаанд. Читать дальше...