Манобеъ: "Беш аз даҳ узви оилаи президенти Тоҷикистон ба коронавирус мубтало шудаанд"
Беш аз даҳ нафар аз пайвандони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо нишонаҳои бемории COVID-19 дар чанд шифохона бистарӣ шудаанд.
Беш аз даҳ нафар аз пайвандони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо нишонаҳои бемории COVID-19 дар чанд шифохона бистарӣ шудаанд.
Як таҳқиқот маълум кардааст, ки ҷосусон телефони президентҳоро ҳам гӯш мекардаанд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин хабар дод, ки нишонагузории марзи Тоҷикистону Узбекистон тақрибан ба поён расидааст.
Мақомоти шаҳри Исфара гуфтанд, дар аввали моҳи июл дар мавзеи наздик ба Маркази тақсими об, машҳур бо номи “Головной”, як дурбини назоратӣ насб карданд. Тақрибан се моҳ пеш насби чунин дурбин боис ба даргириҳо дар ин минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон гардида буд.
Қирғизҳои ноҳияи Мурғоб мегӯянд, аз баста будани марз бо Қирғизистон нороҳатанд.
Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки 23-юми июл дар Токио, маркази Ҷопон, шурӯъ шуда, то 8-уми август идома хоҳад кард, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар минтақае, ки моҳи апрел шоҳиди задухӯрд шуда буд, дурбини назоратӣ насб кардаанд.
Телефонҳои чандин раҳбари давлатро рахна кардаанд. Таҳқиқоти як гурӯҳи мустақил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо истифода аз таҷҳизоти ҷосусӣ телефонҳои раҳбарони баъзе аз кишварҳо рахна ва муҳтавои он ба тарафи манфиатдор тақдим шудааст.
Писари Иззат Амон мегӯяд, шояд барои раҳоии падараш пули зиёд лозим шавад. Ин масъаларо ҳамкорамон Мирзонабии Холиқзод таҳқиқ кардааст.
Раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон гуфт, Душанбеву Бишкек дар робита ба нишонагузории марз, табодули замин анҷом надодаанд. Ориф Хоҷазода, ки узви гуруҳи аломатгузории марз бо Қирғизистон мебошад, рӯзи 21-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, "ивази замин нашудааст."
Намояндагони идораи "Тоҷикматлубот" пас аз тақрибан ду моҳи таҳқиқоти Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бозори “Панҷшанбе”-ро дар Хуҷанд бидуни музояда ё тендер ба 4 миллион сомонӣ, камтар аз 400 ҳазор доллар, фурӯхтаанд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS)-ро ба таври доимӣ пазируфт. Ин тасмим дар иҷлосияи IOC, ки 20-уми июл дар Токиои Ҷопон дар арафаи оғози Бозиҳои олимпӣ баргузор шуд, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии FIAS хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, президенти FIAS Василий Шестаков ин рӯйдодро чунин шарҳ додааст: - Имрӯз ба оилаи бузурги самбои мо иди ҳақиқӣ омад. Се сол пеш FIAS аз IOC эътирофи муваққатӣ гирифт ва дар ин муддат мо бояд ба тамоми ҷаҳон ва худамон исбот кунем... Читать дальше...
Пайвандони Зафари Насриддин, сокини ноҳияи Рашт, ки ба қатли Алиризо Худоёрови 21-сола муттаҳам аст, ӯро "мубталои бемории руҳӣ" ва ҳодисаро "тасодуфӣ" номиданд. Ҷониби дигар мариз будани гумонбарро инкор намекунанд, аммо кушторро "аз пеш тарҳрезишуда" ва кори дасти камаш панҷ нафар медонанд.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости