Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2022

Новости за 26.07.2022

Шавкат Мирзиёев аз толибон хост, робитаҳояшонро бо террористон қатъ кунанд

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар нишасти байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ", ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, аз  Толибон даъват кард, ки робитаҳояшонро бо террористон қатъ кунанд. "Мо аз ҳукумати кунунии Афғонистон даъват мекунем, ки иродаи қавӣ ба намоиш гузошта, барои пешгирӣ ва муқобила бо терроризм чораҳои қатъӣ андешанд ва робитаҳояшонро бо созмонҳои байналхалқии террористӣ қатъ кунанд", - омадааст дар муроҷиати президенти Узбекистон. Ба бовари Мирзиёев, ин ҳолат метавонад... Читать дальше...



Толибон гуфтанд, Афғонистон дигар ба Узбекистон таҳдид намекунад

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Амирхон Муттақӣ дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов дар шаҳри Тошканд гуфт, ки Афғонистон дигар барои Узбекистон ва кишварҳои минтақа хатар эҷод намекунад. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 26 июл хабар доданд. Муттақӣ барои иштирок дар конфронси байналхалқии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ" дар Тошканд қарор дорад. Дар мулоқоти Муттақӣ бо Норов масоили тақвият ва рушди муносибатҳои Узбекистону Афғонистон баррасӣ шудааст. Читать дальше...

90 кас дар ҳодисаҳои нохуш ҷон додаанд

Ozodi.org 

Дар ним сол 90 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳодисаҳои нохуш ҷон додаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳвандии кишвар маълумот дод.

Ахбори Озодӣ аз 26-уми июли соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Наздик ба 150 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба ватан баргардонидаанд, бар асари резиши хок дар Кӯлоб 5 кас, аз ҷумла 4 кӯдак ҳалок шудааст, афзоиши муҳоҷирати корӣ ба Русия ду баробар афзоиш ёфт ва матолиби дигар.



Вазорати молия бо "Талко менеҷмент" барои пардохти 914 ҳазор доллари қарзаш созиш кардааст

Ozodi.org 

Вазорати молияи Тоҷикистон розӣ шудааст, ки корхонаи азими алюминий ва "Талко менеҷмент" пули қарзашро давра ба давра пардохт кунанд. Қаблан Вазорати молия гуфта буд, ширкати "Талко менеҷмент" фоиз ё баҳраҳои қарзи вазоратро саривақт напардохтааст ва акнун бояд бо ҷарима баргардонад. Дар ин бора Зокирҷон Амирзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ хабар дод. Вай гуфт, ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд ва "пул давра ба давра пардохт мешавад." Бар асоси иттилое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид... Читать дальше...

Генерал Назарзода гуфт, дар бораи марги коргараш “гап зада наметавонад”

Ozodi.org 

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз кори Абубакр Саидзода, раҳбари бахши ин ниҳод дар шаҳри Кулоб, ки гуфта мешавад, дар пай як ҷанҷол фавтидааст, тавсиф намуд, вале таъкид кард, ки "дар ин бора наметавонад гап занад" Абубакр Саидзода рӯзи 10-уми июл дар назди замини кишташ фавтид. Шоҳидон гуфтанд, ки ӯ дар пайи муноқиша бо ҳамсоягонаш ба ҳалокат расидааст ва аз “даҳону биниаш хуни зиёд рафта буд.” Рустам Назарзода таъкид кард, ки марҳум Саидзода 25 сол дар ин ниҳод кор карда, яке аз беҳтарин роҳбарон буд. Читать дальше...

Centerra овоз дод. Кони Қумтор моли ҳукумати Қирғизистон хоҳад шуд

Ozodi.org 

Саҳҳомоти ширкати канадаии Centerra Gold дар ҷаласаи рӯзи 25-уми июлашон қатъномаи ҳукумати Қирғизистон ва ширкати “Қирғизолтин”-ро қабул карданд, ки роҳро барои ҳалли баҳси сари кони тиллои Қумтор  ва ба ихтиёри истисноии Қирғизистон гузаштани он ҳамвор мекунад.  Centerra Gold гуфтааст, ки дар ҷаласа 96,8 дарсади саҳҳомон қатъномаро ҷонибдорӣ ва танҳо 3,17 дарсад мухолифи он назар доданд. Қабули қатънома шарти муҳими иҷрои созишномаи рӯзи 4 апрел имзошуда миёни Centerra Gold ва Қирғизистон ба шумор меравад. Читать дальше...

Донишҷӯ аз Тоҷикистон қаҳрамони шоҳмоти иёлати Монтанаи ИМА гардид

Ozodi.org 

Расул Назриев, донишҷӯ аз Тоҷикистон, қаҳрамони шоҳмоти иёлати Монтанаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд. Ин шатранҷбози 20-сола дар Донишгоҳи Монтана аз рӯи ихтисоси барномасоз таҳсил мекунад. Чунонки сомонаи расмии Ассотсиатсияи шоҳмоти Монтана  (www.montanachess.org) хабар медиҳад, Расул Назриев бори аввал ба унвони қаҳрамони шоҳмоти иёлати Монтана даст ёфт. Ӯ дар ибтидои мусобиқа ба нокомӣ рӯбарӯ шуда, аз Дан Матсон мағлуб гардид. Вале баъдан Расул пайиҳам чаҳор пирӯзӣ ба даст овард, аз он ҷумла... Читать дальше...

Рамзан Қодиров ба Шавкат Мирзиёев ду асп ҳадя кард

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро рӯзи 24 июл ба муносибати таваллудаш роҳбарони кишварҳои ҳамсояи Узбекистон, инчунин Туркия, Озарбойҷон, Русия ва Белорус табрик карданд. Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба Мирзиёев ду асп тақдим кард. Мирзиёевро президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Русия Владимир Путин, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Туркия Раҷаб Эрдуғон табрик карданд. Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон... Читать дальше...

146 узви хонаводаи ҷангҷӯёни гурӯҳи "ДОИШ" аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд

Ozodi.org 

Шоми душанбеи 25-уми июл 146 зану кӯдаки тоҷик аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин афродро ҳавопаймои ширкати ҳавоии "CHAM WINGS"-и Сурия аз ин кишвар ба Тоҷикистон овард.

Вазири меҳнат гуфт, 126 нафарро барои кор ба Бритониё фиристоданд

Ozodi.org 

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, соли равон 126 нафарро барои кор ба Бритониё (Англия) фиристодаанд. Хабари кор дар Бритониё таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кард, вале аз оморҳои расмӣ бармеояд, ки теъдоди муҳоҷирони интиқолшуда ба ин кишвари аврупоӣ ночиз аст. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди Бритониё ҳастанд. Хонум Амонзода гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон... Читать дальше...

Дар тирпарронии Лос-Анҷелес 2 кушта ва 5 тан захмӣ шуданд

Ozodi.org 

Дар тирпарронӣ дар Лос-Анҷелеси Амрико 2 кас кушта ва 5 тани дигар захмӣ шудааст. Ин ҳодиса ҳангоми намоиши мошинҳо дар боғе сурат гирифт, ки онҷо садҳо одам ҷамъ шуда буд. Пизишкони ёрии таъҷилӣ чаҳор мард ва се зани аз 23 то 54-соларо ба бемористон интиқол доданд. Ҳадди ақал се тан аз ин беморон аз тири силоҳ маҷруҳ шудаанд. "Маҷруҳони дигар дар ҷои ҳодиса набуданд", - хабар доданд дар мақомоти маҳаллии Лос-Анҷелес. Аз рӯи ин ҳодиса ҳоло касе боздошт нашудааст.

Сокинони Алмато бо талаби мумфаршсозӣ роҳро бастанд

Ozodi.org 

Рӯзи 25 июл сокинони ноҳияҳои Кеген ва Райимбеки вилояти Алмато шоҳроҳи Алмато-Норинкӯлро бо нишони эътироз зидди мақомоти давлатӣ бастанд. Наздики сад тан, ки роҳро бастанд, талаб карданд, роҳ мумфарш шавад. "Соли гузашта ҳамагӣ 3 км роҳро мумфарш карданд, ки имсол хароб шуд. Роҳ комилан ғайри истифода аст. Мардум талаб доранд, ки роҳ зудтар таъмир шавад", - гуфт Макпал Шадан, яке аз фаъолони маҳаллӣ. Мақомот, аз ҷумла ҳокими ноҳияи Кеген бо ду муовинаш ва кормандони пулис назди эътирозгарон омаданд. Читать дальше...

Дар Қирғизистон дар як соли охир 37 мактаби нав сохтанд

Ozodi.org 

Теъдоди мактабҳо дар Қирғизистон дар соли хониши 2021-2022 дар қиёс бо соли гузашта 37 адад афзуда, аз 2296 ба 2333 расидааст. Дар ин бора вазири маориф ва илми он кишвар Алмосбек Бейшеналиев рӯзи 25 июл хабар дод. Вай илова кард, ки норасоии мактабҳо ҳамоно мушоҳида мешавад, зеро теъдоди хонандагон меафзояд. Соли хониши гузашта якбора 50 ҳазор хонанда афзудааст. Соли гузашта дар мактабҳои Қирғизистон 1 млн 357 ҳазору 408 кӯдак таҳсил кардааст, ки соли ҷорӣ теъдодадош ба 1 млн 407 ҳазору 347 расидааст. Читать дальше...



Москва

Концерт "Две музы"


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: внимание Путина к Москве дорогого стоит



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Рассылка Песни или Музыки на все Радиостанции России, СНГ и Мира, а также по всем СМИ России.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Канье Уэст летом выступит с концертом в России

В 6-м туре женского «командника» в Сочи шахматная сборная Москвы разгромила краснодарок, а «Сима-ленд» справилась с Татарстаном

Боевые приобретения. Настоящий праздник мужественности прошел в Москве


Андрей Рублёв

Рублев о победе на "Мастерсе" в Мадриде: у меня нет слов



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Queen

White Queen Birthday party «Королева морей»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России