Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2022

Новости за 28.07.2022

Дар як рӯз чор нафар дар Тоҷикистон ғарқ шудааст

Ozodi.org 

Дар як рӯз дар Тоҷикистон 4 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд. Биноба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин 4 нафар, ки калонтаринаш 18 сол доштааст, рӯзи 26 уми июл дар ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиёну Панҷакент ғарқ шудаанд. Ҳамчунин намояндагони ин ниҳод, дирӯз баъди ҷустуҷӯ ҷасади як навраси 16-соларо дар Данғара аз об берун овардаанд. Дар ним сол 90 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми шиноварӣ ҷон додаанд.



Барномаи мусобиқоти Олимпиадаи Париж-2024 пешниҳод шуд

Ozodi.org 

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар Париж, пойтахти Фаронса, баргузор мешавад, барномаи мусобиқотро муаррифӣ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Париж-2024, сана ва замони оғози чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқаҳо барои медалҳои тило нашр шуд. Барандагони аввалин медалҳои тило рӯзи 27-уми июл муайян мешаванд. Варзишгарон дар риштаҳои ҷудо, шамшербозӣ, велосипедронӣ, скейтбординг ("стрит"), шиноварӣ, ҷаҳиш ба об... Читать дальше...

"Гузоришгарони Бидуни Марз" парвандаи чор хабарнигорро "қалбакӣ" хонд

Ozodi.org 

Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" (Reporters Without Borders) боздошти хабарнигорони тоҷик бо гумони пайвандӣ бо созмонҳои ифротгароро маҳкум кардааст. Ин созмон боздошти онҳоро усуле барои "тарсондани журналистон" номидааст. Рӯзи 27 – уми июл бо нашри баёнияе ин созмон иттиҳоми 4 хабарнигор, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро қалбакӣ хонда, раҳоии онҳоро талаб кардааст. Жана Кавела, раҳбари бахши Осиёи марказии Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" гуфтааст... Читать дальше...

Иштироки ду гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ миёни наврасони то 17-сола, ки дар шаҳри Рими Италия ҷараён дорад, Тоҷикистонро ду варзишгар – Алиризо Баҳромов ва Муҳаммадамин Абдуллоев - намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳарду варзишгари тоҷик дар риштаи гуштии озод ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Тибқи барномаи мусобиқот Муҳаммадамин Абдуллоев рӯзҳои 29-30-юми июл дар рақобатҳо дар вазни то 80 кило ва Алиризо Баҳромов рӯзҳои 30-31-уми июл дар вазни то 71 кило ширкат меварзанд. Читать дальше...

Вазорат гуфт, 5 миллион рублро аз корфармоёни рус ба муҳоҷирон баргардонд

Ozodi.org 

Дар 6 моҳи ахир беш аз 5 миллион рубли пардохтнашудаи муҳоҷирони кории тоҷик ба онҳо баргардонида шудааст. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин маблағҳо бо кумаки намояндагии ин ниҳод дар Русия аз корфармоён ситонида шуд. Беш аз 4 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ба намояндагии Тоҷикистон аз пардохт нашудани ҳаққи корашон шикоят кардаанд. Дар пайи ин шикоят, ба иттилои мақомоти тоҷик, намояндагии Вазорати меҳнат ба қазия дахолат кардааст ва корфармоён беш аз панҷ миллион рубли муҳоҷиронро баргардондаанд. Читать дальше...



Бозиҳои VII байналмилалии "Бачаҳои Осиё" бе иштироки варзишгарони тоҷик доир мегардад 

Ozodi.org 

Имрӯз, 28-уми июл, дар маҷмааи консертӣ ва варзишии "Фетисов Арена"-и шаҳри Владивостоки кишвари Приморски Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои VII байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи расмии бозиҳо (www.vladivostok2022.com). Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои VII байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” бо ширкати беш аз 3000 варзишгари навраси 13-16-сола аз 15 кишвар то рӯзи 8-уми август идома хоҳад кард. Варзишгарони наврас барои 273 маҷмуи медалҳо оид ба 19 намуди варзиш... Читать дальше...

"Биткойн" чист ва чаро Тоҷикистон ба "Ганҷ Текнолоҷӣ" иҷозаи фаъолият надод? ВИДЕО

Ozodi.org 

Фаъолияти ширкате, ки дар бораи сохтани пойгоҳи биткойнсозӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд, қатъ шудааст. Мақомот гуфтанд, фаъолияти "Ганҷ Текнолоҷӣ", ба қонунгузорӣ мухолифат дошт. Назари масъулони ширкат дастрас нест.

Қирғизистон нақша дорад, зимистон 2,7 млрд кВт/соат барқ содир кунад

Ozodi.org 

Зимистони соли ҷорӣ Қирғизистон нақша дорад, ки 2,7 млрд кВт/соат неруи барқ содир кунад. Дар ин бора рӯзи 27-уми июл вазири энержии он кишвар Доскул Бекмирзоев хабар дод. Вай гуфт, дар обанбори Токтогул айни замон 12 млрд 802 млн метри мукааб об захира шудааст. "Фикр мекунам, дар тирамоҳу зимистон захираи об ба 13,5 млрд метри мукааб хоҳад расид. Бо ҳисоби содироти 2,7 млрд кВт/соат неруи барқ мо зимистони пешорӯро пушти сар мекунем", - гуфт вазир. Қирғизистон ҳамасола ба 15 млрд кВт/соат неруи барқ ниёз дорад. Читать дальше...

Марги се корманди хадамоти амнияти Русия дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дар як садамаи нақлиёт шаби 25 ба 26 июл се корманди хадамоти Федеролии амнияти Русия фавтидаанд. Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон иттилоъ доданд. Консулгарии Русия дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ахиран хабар дод, ки ин се шаҳрванд корманди Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия буданд. Ба иттилои пешакӣ, ронандаи мошин аз уҳдаи идораи он набаромада, бо суръати 150 км/дарсоат ба сутуни канори роҳ бар хӯрдааст. Ронанда ва ду мусофир дар ҷои ҳодиса фавтидаанд. Читать дальше...

Имсол дар мактабҳои Узбекистон либоси ягона ҷорӣ намекунанд

Ozodi.org 

Соли таҳсили 2022-2023 волидони хонандагон дар Узбекистон дар ташвиши хариди ҳатмии либоси ягонаи мактабӣ нахоҳанд буд. Дар ин бора вазири маорифи халқии Узбекистон Бахтиёр Саидов хабар дод. Аммо либоси ягонаи мактабӣ дар он кишвар марҳила ба марҳила то соли 2025 ҷорӣ карда мешавад. Вазири маорифи халқии Узбекистон гуфт, духтароне, ки рӯймолҳои серранг мепӯшанд, иҷоза доранд, вориди мактаб шаванд. Бо ин вуҷуд шуруъ аз моҳи август дар Узбекистон ярмаркаҳои фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Читать дальше...



Москва

5 фактов, которые необходимо знать о СЭЙН и Wimmortal и их релизе «Старик и воля».


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: внимание Путина к Москве дорогого стоит



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Моргенштерн

Симпл из NAVI выступил на концерте Моргенштерна* с фристайлом




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Росгвардия приняла участие в обеспечении безопасности при проведении футбольных матчей в Москве

Открытый московский фестиваль конного искусства и спорта пройдет на ВДНХ

Известна спортивная программа фестиваля "Московская весна"


ATP

Лучший теннисист Казахстана сдал позиции в чемпионской гонке ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

Беглянка из Архангельска. 5-месячная хаски сбежала по дороге во Францию



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России