Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2022

Новости за 13.12.2022

Толибон имтиҳони донишгоҳ намесупоранд?

Ozodi.org 

Вазири таҳсилоти олии Толибон бо як баёнияи ғайриоддӣ хашми устодони донишгоҳҳои Афғонистонро барангехт. Ӯ чанде пеш гуфт, ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои олии кишварро фақат Толибон доранд, ки ба қавли ӯ бист сол бо кофирон ҷангиданд.

Афсари фирории рус 40 рӯз дар ҳабс мемонад

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор кард, корманди Хадамоти федеролии муҳофизати Русия майор Михаил Жилин, ки Маскав истирдоди ӯро талаб дорад, 40 рӯз дар ҳабс бимонад. Ҳамсари Жилин дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта, ки додгоҳ ҳукми худро онлайнӣ ва бидуни ҳузури нозирон содир кардааст. Ба гуфтаи ӯ, наздикон ва вакили дифои афсари рус ҳоло талош доранд, то аз болои қарори Раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоии вилояти Абайи Қазоқистон, ки рӯзи 30 ноябри имсол ба Михаил Жилин мақоми паноҳандагӣ надод... Читать дальше...



Дар Узбекистон кормандони норозӣ аз қатъшавии газро ҳабс карданд

Ozodi.org 

Бӯҳрони энержие, ки ба далели якбора поин рафтани ҳарорати ҳаво бо омадани зимистон дар Узбекистон оғоз шуд, норозигии мардумро рӯз то рӯз бештар мекунад. Коргарони ширкати гаҷбарории “ALBUS” дар вилояти Фарғона, ки як рӯз пеш баъди тасмими мақомот дар бораи қатъи интиқоли газ ба корхона гирдиҳамоӣ карда буданд, 7 декабр ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд. Коргарон ба “майдаавбошӣ” ва “вайрон кардани тартиби гузарондани тазоҳурот” айбдор карда шуданд. Шаш нафари онҳо ба муҳлати 5 шабонарӯз ва як... Читать дальше...

Дар Мексика 7 шаҳрванди Узбекистонро гаравгон гирифтаанд

Ozodi.org 

Нашрияи "El Siglo de Torreon" хабар додааст, ки пулиси Мексика 7 шаҳрванди Узбекистон, панҷ мард, як зан ва як кӯдакро аз асорат озод кардааст. Бино ба хабарҳо, узбекистониҳо, ки тавассути автобус ба Калифорнияи поёнии шимолӣ мерафтанд, барои истироҳат дар ҳудуди Гомес-Паласиои Мексика таваққуф кардаанд. Онҳо мехостанд аз инҷо ба Амрико сафар кунанд. Аммо гуруҳи ҷиноие онҳоро гаравгон гирифта, 1200 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Дар хабар мушаххас гуфта нашудааст, ки пулис чи гуна маълумот дар бораи гаравгонҳоро ба даст оварда... Читать дальше...

Жасмин дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бодибилдинг ғолиб шуд 

Ozodi.org 

Жасмин Ан-Нимр, варзишгар аз Тоҷикистон, дар 13-умин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ (WBPF), ки дар шаҳри Пҳукети Тайланд ҷараён дорад, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон пирӯз гардида, бо медали тилло мукофотонида шуд. Ин дувумин пирӯзии Жасмин дар мавсими имсола мебошад. Ӯ моҳи июл дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бодибилдинг дар ҷазираҳои Молдив ба гирифтани ду медал - тило ва нуқра - даст ёфта буд.  -Барои кишвари мо ин дастоварди бузург аст. Духтари тоҷик... Читать дальше...



Дидбони ҳуқуқи башар хост, шаш фаъоли бадахшониро озод кунанд

Ozodi.org 

Дидбони ҳуқуқи башар, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳукмҳои зиндони шаш фаъоли мадании бадахшониро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, “ҳамлаҳои бесобиқаи алайҳи шаҳрвандони худ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро бас кунад.” Додгоҳ ба онҳо аз ҳашт то 29 сол ҳукми зиндон содир кардааст. Дар изҳороти созмон, ки рӯзи 13-уми декабр нашр шуд, ҳукмҳои зиндони Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ва аъзои гурӯҳи ҷамъиятии 44 – Фаромуз Иргашев, Музаффар Муборакшоев, Хурсанд Мамадшоев... Читать дальше...

Амрико аз созиши марзии Узбекистон ва Қирғизистон истиқбол кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Амрико Энтони Блинкен гуфт, Вашингтон аз созиши марзӣ миёни Тошканд ва Бишкек истиқбол мекунад. Блинкен дар ин бора рӯзи 12-уми декабр баъди гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Узбекистон Владимир Норов дар Вашингтон ибрози назар кард. "Чун ҳамеша қайд мекунам, ки ИМА аз соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Узбекистон ҷонибдорӣ мекунад. Ман аз таъйин ва аломатгузории марзи Узбекистон бо Қирғизистон истиқбол менамоям. Ин паёми нерӯманде аст барои кишварҳои дигари минтақа, ки... Читать дальше...

Олмон писари як мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро ихроҷ мекунад

Ozodi.org 

Намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон – як созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, мегӯянд, ба писари як узви собиқадори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хатари ихроҷ аз Олмон таҳдид мекунад. Маҳмудҷони Файзраҳмон, намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабр дар Твиттер навишт, Абдуллоҳи Шамсиддин, писари 32-солаи Шамсиддини Саид рӯзи 13-уми декабр аз ҷониби Олмон ба Тоҷикистон истирдод мешавад. “Дар Тоҷикистон бо хатари шиканҷаву зиндонишавӣ рӯбарӯ аст, ҳамонгуна, ки Шовализода аз Австрия... Читать дальше...

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон

Ozodi.org 

Ҳамроз Раҷабов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии куреси қазоқӣ, ки 12-уми декабр дар Қасри Жақсилик Ушкемпирови шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, оғоз ёфт, медали биринҷӣ ба даст овард. Ин варзишгари 27-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 82 кило мақоми сеюмро касб кард. Дар ин вазн Айдин Дартаеви қазоқ дар финал ба Умед Эсанови узбекистонӣ ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ба ҷуз аз Ҳамроз Раҷабов, гуштигири ҳолландӣ Амир Ҳусейнӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Читать дальше...

Бори нахуст як бонки Узбекистонро ба хориҷиҳо фурӯхтанд

Ozodi.org 

Нашрияи "Дарё" хабар дода, ки саҳмияҳои давлатии "Ипотека-бонк"-и Узбекистон ба "OTP Bank"-и Маҷористон фурӯхта шудааст. Тибқи иттилои нашрия, маросими имзои созишнома дар бораи хусусигардонии саҳмияҳои давлатии "Ипотека-бонк" 12-уми декабр дар шаҳри Тошканд баргузор шудааст. "Ба назари мо, омадани бонки Маҷористон ба Узбекистон сифати рақамишавӣ ва хидматрасониҳои бонкиро дар кишвар боз ҳам боло мебарад. Ҳамчунин ин созишнома ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мусоидат мекунад. Ин бори нахуст аст... Читать дальше...

Муҳлати ҳабси гумонбарони парвандаи "Кампиробод" тамдид шуд

Ozodi.org 

Фаъолони шаҳрвандии Қирғизистон Чингиз Капаров, Илгиз Шаменов, Айданбек Акматов ва Оқил Айтбоев то 20-уми феврали соли оянда дар ҳабси пешакӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек мемонанд. Пештар аз ин, рӯзи 9-уми декабр, Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси пешакии гумонбарони дигари парвандаи "Кампиробод" - Азимбек Бекназаров ва Орозайим Норматоваро тамдид кард. Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони... Читать дальше...

Барои таъмини амният дар шаҳри Алмаато қариб 17 млрд. танга ҷудо шудааст

Ozodi.org 

Барои таъмини амният дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон иловатан 16,8 млрд. танга - муодили 35,7 млн. доллари ИМА - ҷудо шудааст. Дар ин бора ҳокими шаҳри Алмато Ерболат Досаев рӯзи 12-уми декабр хабар дод. "Ҳамчунин барои таъмини амнияти сокинони Алмаато дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон то охири сол насби 3050 дурбини наворбардор дар назар аст", - гуфт Досаев. Вай илова кард, ки тамоми зерсохторе барқарор шудааст, ки дар ҳодисаҳои январӣ тахриб шуда буданд. Ба 1640 соҳибкори хурду миёна, ки дар ҳодисаҳои январӣ зиён дида буданд... Читать дальше...

Вазири энержии Қазоқистон: "Ҳарфе аз иттиҳоди газ бо Русияву Узбекистон нест"

Ozodi.org 

Болат Акчулаков, вазири энержии Қазоқистон гуфт, ки Қазоқистон бо Русияву Узбекистон дар масъалаи газ ҳамкории зич дорад, аммо ташкили "иттиҳоди газ" баррасӣ нашудааст. "Дар бораи ҳеч "иттиҳоди газ"-е мо гуфтугӯ накардем. Мо гуфтугӯҳои дуҷониба доштем. Бо Узбекистон ҳам муносибат ҳаст, зеро мо шомили як низом ҳастем: ҳам лӯлаи Осиё ва ҳам лӯлаи Бухоро-Тошканд-Бишкек-Алмато. Узбекистон дар масъалаи газ бо Русия муносибат дорад ва бо худ он масоилро ҳал мекунанд. Баъзан масъалаҳое сар мезананд, ки се кишвар бояд шинанду ҳал кунанд. Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о реконструкции крымской Алупки


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин рассказал, как офсетные контракты развивают фармотрасль Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

«В фонограмме нет ничего плохого»: певец Лоза оценил бесплатный концерт Мадонны в Рио-де-Жанейро




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге про финал Всероссийской олимпиады школьников

В преддверии Дня Победы в Великой Отечественной войне: уроки мужества и познавательно-спортивная эстафета

Пресс-служба «Лужников» опровергла информацию о концерте Канье Уэста в Москве


Александр Зверев

Александр Зверев раскритиковал график соревнований в туре



Новости Крыма на Sevpoisk.ru