Ҷоми Ҷаҳонӣ. Хорватия севум, Марокаш чаҳорум шуд
Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол тими миллии Марокаш ё Мағрибро ба ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори дуюм дар таърихи худ барандаи медали биринҷии мусобиқот гардид. Бозӣ шаби 17-уми декабр гузашт.