Ҳазорҳо сокини Қарабоғ ба Арманистон фирор карданд
Мақомоти Арманистон мегӯянд, то шоми 25 сентябр аллакай 6650 сокини Қарабоғи Куҳӣ хонаҳои худро тарк карда, ба он кишвар кӯч бастаанд. Гурезаҳое, ки ҷойи зисти муайян надоранд, бо макони иқомати муваққатӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамчунин марказҳои кумаки башардӯстона ташкил карда шудааст. Дар роҳ аз Қарабоғи Куҳӣ ба Арманистон постгоҳи низомиёни Озарбойҷон аст. Аммо дар бораи монеъ шудани онҳо ба рафтани гурезаҳо то ҳол хабар дода нашудааст. Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон... Читать дальше...