Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Ноябрь
2019

Номи боз як қурбонии ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ маълум шуд

0
Номи боз як қурбонии ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ маълум шуд

Манобеи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми ноябр гуфтанд, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 марзбон ва 1 маъмури милиса ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи кушта шудани маъмури милиса Баҳром Қосимзода ва марзбон Иззатулло Латифов гузориш додаанду бас. 

Манобеи Радиои Озодӣ ҳувияти қурбонии шашум дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод"-ро ошкор карданд. Онҳо гуфтанд, сарбози кушташуда Наимҷон Саидолимов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст ва рӯзи гузашта дар як маросими хос дафн карда шуд.

Исроил Қаландаров, раиси ҷамоати ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҷавони 19-сола ихтиёрӣ ба артиш рафта буд. "Дар баданаш як изи тир буд", -- афзуд ӯ.

Аз ин пеш манобеи Радиои Озодӣ дар бораи ҳалокати Диловар Толибов, муовини сардори дидбонгоҳи "Султонобод", сарбозон Ҳофиз Ҳасанов ва Ғаниҷони Давлат хабар дода буданд. Диловар Толибови 29-соларо рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дафн кардаанд. Музаффар Мухторов, ёвари раиси шаҳри Конибодом рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "маросими ёдбуд баргузор шуд ва дар он мақомоти маҳаллӣ ва фаъолон иштирок карданд."

Сарбоз Ҳафиз Ҳасанов дар зодгоҳаш ҷамоати Фароби Панҷакент ба хок супурда шуд. Амонқул Амроев, раиси ҷамоати Фароби Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳасанов баҳори имсол ба артиш даъват шуда буд". 

Мақомот дар ноҳияи Рашт гуфтанд, сарбоз Ғаниҷони Давлатро, ки дар ҳодисаи субҳи 6-уми ноябр кушта шуда буд, ба хок супурданд. Ба гуфтаи мақомот, Ғаниҷони Давлат 19 сол дошт ва то поёни хидматаш як соли дигар монда буд. Баҳром Қосимзода, маъмури милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Иззатулло Латифов, марзбони тоҷик дар Душанбе дафн карда шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" субҳи 6-уми ноябр аз тарафи бист ҷангҷӯи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, онҳо шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштаанд. 15 ҳамлавар кушта ва панҷ тани дигар дастгир шудаанд. Ҷузъиёти дигар маълум нест.

Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, "ҷангҷӯёни ДОИШ аз қаламрави онҳо ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон ҳамла накардаанд". Вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба изҳороти Вазорати дифои Афғонистон маълум нест.

Аммо маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар хабарномае гуфта буд, ки ҳамлаварон шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса мақомот тафсилоти дигар намедиҳанд ва расман ҳалокати бештари низомиён дар ин ҳодисаро тасдиқ ё рад намекунанд. Ҳувияти ҳамлаварон низ то ҳол маълум нест.

Баъди ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат мегирад. Дар он моҳ чаҳор дучархасавор кушта шуданд ва гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти террорро бар ӯҳда гирифт.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

НАЛОГИ С ЗАРПЛАТ И НДС МОГУТ ОТМЕНИТЬ?! Государственная Дума и Правительство РФ оптимизируют налоги.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Брановицкий

Создание сайта. Создание сайта с нуля. Создание веб сайта.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии спорта в селах Чукотки

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии спорта и повышении его доступности для граждан

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии водных видов спорта в Ставрополье


ATP

Сумасшедший матч «Реала», Медведев опустился в рейтинге ATP. Главное к утру



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии спорта в селах Чукотки



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России