Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Пешниҳоди "Раҳбари олӣ" ба ҷойи "президент" дар Русия

0
Пешниҳоди

Гуруҳи корӣ барои таҳияи ислоҳҳо ба Конститутсияи Русия пешниҳод кардааст, ки дар Қонуни асосии ин кишвар беш аз сад банди дигар илова карда шавад ва табдили мансаби "президент" ба "Раҳбари олӣ" яке аз онҳост. Ҳамчунин муаллифони таҳияи ислоҳҳо ба Қонуни асосӣ пешниҳод кардаанд, дар номи Русия мақоми "қудрате, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум пирӯз шуд" илова карда шавад. Дар ин бора Павел Крашенинников, узви гуруҳи корӣ ва раиси Кумита оид ба давлатсозӣ ва қонунгузории Думаи Давлатии Русия ба хабарнигорон иттилоъ додааст. Мухолифон инро танқид мекунанд. 

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи 15-уми январи имсол дар паёмаш ба Маҷлис дар бораи нақшаи тағйири Қонуни асосӣ изҳори назар кард. Қонуни асосии Русия соли 1993 қабул шудааст.

Путин хост, дар Конститутсияи нав нақш ва мақоми Шӯрои Федератсиюн таъйин карда шавад. Мухолифон аз он нигаронанд, ки Путини 67-сола бо эълони ин тасмим мехоҳад баъд аз адои давраи президентиаш дар соли 2024 ба курсии раиси Шӯрои Федератсиюн -- палатаи болоии порлумони Русия -- нишинад ва ба ин тартиб дар қудрат бимонад.

Путин рӯзи 22-юми январ дар мулоқот бо донишҷӯёни маркази омӯзишии "Сириус"-и Сочи гуфт, ташкил шудани институте дар Русия, ки раҳбари давлатро назорат кунад, "дуҳокимиятиро ба вуҷуд оварда, барои кишвар фоҷиаовар хоҳад буд". Вай афзуд: "Русия бо қаламрави бузурги худ ба ҳукумати қавии президентӣ ниёз дорад" ва "беҳтар аст, шаклҳои дигари идориро таҷриба накунад".

Мунтақидонаш изҳороти Путинро бештар ба доруи оромкунандае барои мардум ташбеҳ медиҳанд.

Владимир Путин аз охири соли 1999 ба ҳайси президент – сарвазир – президент зимоми қудратро дар Русия дар даст дорад. Ҳоло давраи чаҳоруми президентии ӯст, ки баъди чаҳор соли дигар ба поён мерасад. 

Гуруҳи кориро барои таҳияи ислоҳҳо ба Қонуни асосӣ Путин таъйин кардааст, ки ба ҳайати он 75 нафар, аз ҷумла Андрей Кишас, муаллифи қонун дар бораи муҷозот барои таҳқири ҳокимият ва интернети мустақил ва ҳунармандону аъзои Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсиюн шомиланд.

Тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсия дар хониши аввал дар Думаи давлатии Русия қабул шудааст. Баррасии дувум рӯзи 11-уми феврал баргузор хоҳад шуд.

Ин лоиҳа сипас ба хониши сеюм рӯбарӯ хоҳад шуд, аммо мухолифон мегӯянд, дар порлумон, ки қонунгузорони вафодори Кремл бартарӣ доранд, ба гумон аст, он ба фишори зиёд дучор ояд. Агар лоиҳа аз хониши сеюм дар Дума гузарад, пеш аз имзо шудан аз тарафи Путин ба Шӯрои Федератсиюн – палатаи болоии порлумон фиристода мешавад.

Пешниҳоди “Раҳбари олӣ” дар Русия дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ модели доштани "пешво" ё шахси болотар аз президентро таҷруба мекунанд.

Қазоқистон дар соли 2010 қонун дар бораи раиси ҷумҳурии нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Нурсултон Назарбоев унвони “Элбаси” ё “Пешво” дода шуд. Назарбоев соли гузашта аз мансаби президентӣ истеъфо дод, вале амалан абзори қудратро дар даст нигоҳ дошт ва дар баъзе аз нишастҳои раҳбарони кишварҳо низ ба ҷойи президенти кунунӣ иштирок мекунад ва зоҳиран тасмимгирии ниҳоӣ бо ӯст. 

Тоҷикистон дар охири соли 2015 қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро қабул кард, аммо ҳанӯз ба амалӣ кардани он оғоз нанамудааст. Ин қонун ба президент Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, ки баъди рафтан аз мақом низ шахси аввали кишвар монад.

Мухолифон мегӯянд, ин шева хоси низомҳои демократӣ нест ва раҳбарони чунин кишварҳоро барои як умр дар қабзаи худ нигоҳ доштани ҳокимият ва саркӯби дигарандешон танқид мекунанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Лазарев

«Сергей Лазарев за все платит»: диско-бабушка из Коми рассказала, как ей искали квартиру




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ


Ролан Гаррос

Парижские сюжеты: Медведев играл в кошки-мышки, Котов творил историю, Калинская заставляла нервничать Синнера



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Слушатели «Авторадио» поедут на премию МУЗ-ТВ на лимузине



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России