Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2020

Хадамот аз ширкатҳои мобилӣ хост, масъалаи "80 дирам"-ро шарҳ диҳанд

0
Хадамот аз ширкатҳои мобилӣ хост, масъалаи

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фиристодани нома аз ширкатҳои мобилии кишвар хостааст, ки сабаби ситодани пули иловагӣ ё "пардохти абонентӣ" аз муштариёнро шарҳ диҳанд. Аз соли 2015 ба ин сӯ аз соҳибони ҳар як симкорт дар як моҳ 80-дирамӣ ситонда мешавад. Сокинон чунин "ҳақситонӣ"-ро бепоя медонанд. Масъулони ширкатҳо мегӯянд, ин ҳаққи истифодаи ҳар як шумораи мобилӣ аст. 

Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи шикояти зиёди муштариён тасмим гирифтанд, ки масъаларо рӯшан кунанд.

Вай гуфт: "Мактуби мо ба ин маънӣ аст, ки онҳо сабаби ситонидани 80 дирамро бо далел шарҳ диҳанд. Ҳам Хадамоти алоқа ва ҳам ширкатҳои мобилӣ. Чунки Хадамоти алоқа ба ширкатҳои мобилӣ супориш медиҳад, аммо маблағро ширкатҳо мегиранд."

Масъулони ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора посух надодаанд. Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, хадамот имкон дорад давоми як моҳ таҳлили худро анҷом дода, аз натиҷааш ба расонаҳо хабар диҳад.

Панҷ сол пеш ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки барои истифодаи ҳар як шумораи мобилӣ аз муштариён пули иловагӣ ё "пардохти абонентӣ" мегиранд.

Ширкатҳои бузурги мобилии Тоҷикистон гуфта буданд, ин тасмим баъд аз иқдоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мавриди боло бурдани ҳаққи истифода аз рақамҳои мобилӣ гирифта шудааст. Ширкатҳои мобилӣ инчунин ба муштариёнашон гуфтанд, ҳаққи "истифодаи рақами мобилӣ" новобаста аз таърифа (тариф) аз ҳар симкорт гирифта хоҳад шуд.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҷавоб ба суолҳо, ки чаро бо гузашти шаш сол акнун мехоҳанд асос доштани ҳақситонии ширкатҳои мобилиро аз муштариён бисанҷанд, гуфт: "То имрӯз шикоят набуд ва ҳоло хостем ин масъаларо асоснок намоянд".

Рӯзи 29-уми январ дар се ширкати бузург -- Babilon-M, Tcell ва Мегафон -- ба Радиои Озодӣ пардохти пули иловагии 80-дирамӣ аз муштариёнро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки суҳбат дар мавриди номаи фиристодаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар салоҳияти онҳо нест.

Қаблан ҳаққи иҷораи рақами мобилӣ чандон гарон набуд ва ширкатҳои мобилӣ ин пардохтро аз ҳисоби даромадҳои худашон ҷуброн мекарданд. Якбора боло рафтани ин қимат, ширкатҳои мобилиро водор кардааст, ин маблағро аз ҷайби муштариён бигиранд. Сокинон мегӯянд, дар баҳси байни ширкатҳо ва Хадамоти алоқа "қурбонӣ" ҳастанд.

Маҳмуди Кенҷа, яке аз муштариёни ширкатҳои мобилӣ гуфт, "то ҷое иттилоъ дорам, гӯиё аъзоҳаққӣ ба ширкат аст. Дар Ҷопон низ ҳамин гуна аст. Баъд аз санҷиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ хоҳем донист, ки ин воқеан қонунӣ аст ё ғайриқонунӣ. Аз ман ҳар моҳ 80 дирам мегиранд, вале намедонам барои чӣ."

Масъулони Хадамоти алоқа мегӯянд, дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебарад ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштарии фаъол ҳастанд. Ба қавли онҳо, симкорте, ки дар тӯли се моҳ ақаллан як занги пулакӣ анҷом медиҳад, фаъол ҳисобида мешавад. Бино ба ҳисобҳои коршиносон, танҳо муштариёни фаъол дар як сол садҳо миллион сомониро иловатан ба буҷаи Хадамоти алоқа ворид мекунанд.





Губернаторы России
Москва

Мэр Собянин: в Москве стартовали испытания первого в РФ беспилотного трамвая





Москва

Воскресшего Иисуса могут дополнительно установить в церквях, вместо черепа.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Певец Лоза: Пугачева проигрывает Долиной в вокальном мастерстве




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии спорта в селах Чукотки

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о развитии водных видов спорта в Ставрополье

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о спорте и ежедневных здоровых привычках


Ирина Хромачёва

Россиянки Хромачёва и Сизикова пробились в финал парного турнира в Рабате



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Коронавирус FLiRT выявили в России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России