Маъмурияти Трамп: афроди бекормонда аз хонаҳо берун намешаванд
Маъмурияти Трамп амре содир кард, ки берун кардани мардум аз хонаҳои иҷораро то охири соли ҷорӣ манъ мекунад. Бо сабаби пандемияи коронавирус ва бекор мондани миллионҳо сокини ИМА хатари бехонаву сарпаноҳ бенасиб мондани сокинон зиёд шудааст. Қарор аз ҷониби Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо содир шуда, ба иҷорагирандаҳое рабт дорад, ки соле на бештар аз 99 ҳазор доллар даромад доранд. Қарори мазкур яке аз иқдомҳои ҷиддии Кохи Сафед баъди моҳи июл мебошад. Он замон маъмурияти Кохи Сафед бо як қарор ба шаҳрвандони бекор ёриҳои пулӣ тақдим карда аз хона берун кардани иҷорагирандаҳои бепулу бекормондаро манъ кард. Дар ИМА аз замони шурӯи пандемияи коронавирус 184 ҳазор нафар ҷон дода, беш аз 6 миллион нафар олуда шудаанд. Дар бисёр иёлот вазъият ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.