Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Худпешбарии Фаромуз норасоӣ дар қонунҳоро ба намоиш гузошт

0
Худпешбарии Фаромуз норасоӣ дар  қонунҳоро ба намоиш гузошт

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор

Бознашр аз блоги муаллиф

Эълони Фаромуз Иргашев, ки гуфт довталаби курсии президенти Тоҷикистон аст, гуфтугӯҳои гуногунро ба бор овард. Аз табрику таҳният то дашному ҳақорат. Яке ҳатто навишт, "войи Фаромуз, ки Бадахшонро сархам кард".

Аммо барои чӣ? Ӯ чӣ гуноҳ кард? Магар ҷурм аст, агар як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон, соҳиби таҳсилоти олӣ, 30-сола, 10 соли ахир дар дохили кишвар, як навбат вакили Маҷлиси вилоятӣ, ҳуқушинос иддаои курсии аввали мамлакатро кунад, чаро ба дигарон сахт мерасад? Охир, ин курсӣ кафшершуда ё меросӣ нест-ку. Худи соҳиби ҳозираи он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд бор дар сӯҳбатҳояш мегуфт, ки ин курсӣ моли халқ аст. Пас, аз лиҳози сиёсӣ ин ҷо ҷурме дида намешавад.

Мушкил яктост. Онро худи Фаромуз Иргашев, ки ҳуқуқшинос аст, медонад. Усули "худпешбарӣ" дар қонунҳои интихоботии Тоҷикистон барои номзад ба мақоми вакили маҷлис мушаххас шудаву иҷозат аст, аммо барои номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ тазаккур наёфта ва номуайян мебошад. Ҳамзамон дар ҳеч қонуне ин амал манъ нашудааст.

Инро ҳам бояд ёдовар шуд,ки масъалаи ворид кардани ин тарзи ширкат дар интихоботро қабл аз ин ҳам борҳо матраҳ карда буданд ва ахиран Раҳматулло Зоиров ҳам дар рӯйихати 16 пешниҳодаш ҷиҳати ислоҳи қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ онро тавсия дода буд. Чаро худпешбарӣ барои вакили маҷлис шудан мумкин аст, барои президент шудан не?

Моҷарои Фаромуз рӯшан кард, ки зикр нашудани "худпешбарӣ" ба унвони асли интихобот дар қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи Конститутсия аст. Ба гуфтаи қонундонҳо, дар чунин ҳолат Конститутсия болотар қарор мегирад. Ҳоло бояд дид, мақомоти кишвар ба кадоме аз ду қонун бартарӣ хоҳанд дод, ба Қонуни Асосӣ ё зерқонуни таҳияшуда бар пояи он?

Оё танҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ ва бархе аз созмонҳо додани ҳаққи пешбарии номзадҳо ба маънии поймол кардани дигарон нест? Агар Иттифоқи ҷавонон чунин ҳақро дорад, чаро барои мисол, Иттиҳоди нависандагон ё Шӯрои занон, Иттиҳоди соҳибкорон, Бунёди ташаббусҳои шаҳрвандӣ, Коллегияи адвокатҳо, Иттиҳоди ҳомиёни муҳити зист ё ҳуқуқ чунин ҳақро надоранд?

Зеро ин ҳам ҳақиқат аст, ки на ҳама омодааст, барои номзади ҳизбҳои сиёсӣ овоз бидиҳад. Шояд садҳо ҳазор ва беш аз ин нафар дар суроғи номзади мустақиланд? Оё беҳтар нест, интихобот интихоби бештар дошта бошад

Бовар доред, ки номзадҳо Эмомалӣ Раҳмон ё масалан, Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Усмонов, борҳост вориди користон мешаванд ва бозу боз ҳамон чеҳраҳои пешина таваҷҷуҳи интихобкунандаро ба худ ҷалб мекунанд? Онҳое, ки агар ду бор камтар аз 3 дарсад овоз гирифтаанд, чаро боз ба саҳна меоянд?

Шояд умеди Фаромуз Иргашев ҳам ба ҳамин дастгирии овоздиҳандагони ғайриҳизбӣ аст, ки эҳтимолан аксарияти кулро ташкил диҳанд? Худи қадам пеш гузоштани ӯ нишон медиҳад, ки қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба ислоҳот дорад ва он бояд бо хоста ва табиати ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду мардумсолор мутобиқат кунад.

Маҳмадалӣ Ватанзода, ноиби аввали раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба даъвои Раҳматулло Зоиров, ки гуфт аз 6-уми ноябр ба 11-уми октябр тағйир додани рӯзи интихобот ғайриқонунист, ҷавоб дод, ки “қонунгузории амалкунанда санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест”.

Ватанзода таъкид кардааст,ки “санаи мушаххас” дар қонун зикр нашудааст ва асоси иддаои Фаромуз ҳам тақрибан монанди ҳамин аст: дар қонун худпешбарӣ ба таври “мушаххас” манъ нашудааст.

Мегӯянд, дар қонунгузорӣ Тоҷикистон аз Русия ибрат мегирад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз тариқи худпешбарӣ ба мақоми худ даст ёфтааст. На як бор! Соли 2003 худпешбариро унсур ва меъёри қонуни федералӣ дар бораи интихоботи раиси ҷумҳурӣ кард (моддаи 34) ва ҳам дар соли 2004 ва ҳам дар соли 2018 аз тариқи худпешбарӣ вориди корзори интихоботӣ шуд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Шевчук

Поэт Влад Маленко заявил, что творчество Шевчука потеряло патриотизм




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Студент из Волоколамска стал бронзовым призером чемпионата «Абилимпикс»

Работники Пожарно-спасательного центра показали свою слаженность в боевом развертывании

В новой Москве соревновались нештатные формирования


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Соцфонд с начала года обеспечил техническими средствами реабилитации 13,6 тыс. детей с инвалидностью



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России