Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Ба “Истиқлол” барои бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон шудан як қадам мондааст   

0
Ба “Истиқлол” барои бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон шудан як қадам мондааст   

Пас аз танаффуси дуҳафтаинаи марбут ба бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон, мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ аз сар гирифта шуд. Чаҳор бозии даври чордаҳум рӯзҳои 7-8-уми сентябр доир гардид.

Дар даври чордаҳуми Лигаи олӣ "Истиқлол" -и Душанбе дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод. Ҳамлагар Шериддин Бобоев, ки дар ин бозӣ чаҳор гол зад, беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд.

Ба «Истиқлол», ки бо касби 40 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал аст, барои ба даст овардани медалҳои тилло як қадам мондааст. Ба футболбозони «Истиқлол» барои он ки бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон шаванд, дар чаҳор бозии боқимондаи мусобиқа як ғалаба ба даст овардан кофист.

Дар бозии дигари даври чордаҳум “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Се имтиёзро ба хуҷандиҳо зарбаҳои дақиқи Дилшод Бозоров ва Фатҳулло Фатҳуллоев оварданд. «Хуҷанд», ки бо касби 29 имтиёз дар ҷадвал дар зинаи дувум қарор дорад, барои медалҳои нуқра мубориза мебарад.

“Хатлон”-и Бохтар бозиро дар меҳмонӣ бо “Душанбе-83” бо ҳисоби  1:1 ба поён расонд. Кароматулло Саидов, бозигари «Хатлон», аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро кушод. Легионери африқоӣ аз Гана Агблей Ҷонс тавонист ҳисобро баробар намуда, дастаашро аз бохт наҷот диҳад. Бохтариҳо, ки бо касби 23 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи севуманд, барои медалҳои биринҷӣ талош доранд. 

"Файзканд" -и Восеъ бозиро бо дастаи меҳмон – ССКА-и Душанбе мусовӣ кард - 1: 1. Ба голи Анвар Муродов бозигари низомиён, легионери украинӣ Артём Гайдаш бо зарбаи дақиқ посух дод.

Бозии охирини даври чордаҳум рӯзи ҷумъаи 11-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Локомотив-Помир”-и Душанбе дар майдони худ бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ вомехӯрад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

«Файзканд» – ССКА – 1:1

Голҳо: Анвар Муродов, 11 (1:0). Артём Гайдаш, 67 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Нодирбек Иброҳимов (ССКА).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

7-уми сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 64 – аз пеналтӣ (0:1). Агблей Ҷонс, 77 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Жан Гатен НД («Хатлон»), 75 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Агблей Ҷонс («Душанбе-83»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

7-уми сентябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Хуҷанд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, 10 (1:0). Салам Ашӯрмамадов, 23 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 54 (2:1).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Ойбек Абдуғаффоров («Хуҷанд»), 21 – дарвозабон баргардонд.

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 90+5 – барои рафтори хашмгин.

Беҳтарин бозигари дидор: Беҳрӯз Хайриев («Истаравшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

8-уми сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

 

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 6:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 5 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 9 (2:0). Шериддин Бобоев, 17 (3:0). Шериддин Бобоев, 34 (4:0). Шерзод Маҳамадиев, 48 (4:1). Шериддин Бобоев, 68 (5:1). Алишер Ҷалилов, 83 (6:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»), 41 – барои рафтори хашмгин.

Беҳтарин бозигари дидор: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

8-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа 

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

13

1

0

57-7

40

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

9

2

3

23-16

29

3

«Хатлон» (Бохтар)

14

6

5

3

23-19

23

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

13

5

5

3

20-16

20

5

ССКА (Душанбе)

14

5

5

4

21-20

20

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

14

4

4

6

16-23

16

7

«Файзканд» (Восеъ)

14

3

6

5

13-24

15

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

14

2

3

9

17-33

9

9

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

2

3

9

17-37

9

10

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

13

1

4

8

9-21

7

Нишонзанҳои пешсаф: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 тӯб.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В этом году к проекту «Открой#Моспром» присоединился один миллион человек





Москва

травят изгоя писателя на районе даже менты тоже


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как электробусы помогают улучшать экологическую ситуацию



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Николай Цискаридзе

«Выводил на сцену»: Цискаридзе рассказал о своей помощи Волочковой




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Школьник из Ставрополя пробился в финал международного турнира по шахматам

Рок-версия гимна Белогорска прозвучала на масштабном рок-н-мобе

Спортсмен Росгвардии занял второе место в личном многоборье на Играх БРИКС


Андрей Рублёв

Рублев, Хачанов и Самсонова не поедут на Олимпиаду в Париже



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Доходность частных домов в Амурской области выше, чем по России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России