Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

“Каме зиёдтар”-и Александр Лукашенко … чӣ қадар аст?

0
“Каме зиёдтар”-и Александр Лукашенко … чӣ қадар аст?

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил

Бознашр аз блоги муаллиф

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, эътироф кард, ки дар сари ҳокимият бештар истодааст. Вай чанде пеш гуфт, “бале, шояд каме зиёдтар истодам”. Лукашенко ин гапро намезад, агарки ҳазорҳо-ҳазор норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ба хиёбонҳо намерехтанд ва ғалабаи ӯро қабул намекарданд. Вале бо ин эътирофи зимнӣ Лукашенко маълум кард, ки ваҷҳ ва ҷиҳати рехтани мардум ба хиёбонҳоро дарк кардааст. Яъне, ин оқибати ҳамон “каме зиёдтар” истодани ӯст.

Аммо ҳаводиси Белорус ин масъаларо матраҳ кард, ки як кас зарфият ва тавону қудрати мудирият ва идораи давлатро барои чанд сол дошта метавонад? Ҳузури давомдори як нафар дар қудрат чӣ пайомад дошта метавонад? 

Дар аксар кишварҳои пешрафта муҳлати роҳбарӣ мушаххасу муайян шудааст. Ба касе ҳақ дода намешавад, ки ин меъёрро вайрон кунад. Дар ин кишварҳо зиндагӣ ва ҳаёти инсонҳо беҳтар мегузарад ва он кишварҳо ободу озоду пешрафтаанд ва ҷаҳони аввал ном доранд. Дар кишварҳое, ки раҳбаронашон иваз намешаванд, вазъ комилан дигар аст. Онҳо аксаран фақиру фасодзада ва аҳолияшон муҳоҷиру овора аст. Онҳоро ҷаҳони саввум меноманд.

Дар бештари кишварҳо ҳокимият ба шохаҳо ҷудост. Ин шохаҳо ҳамдигарро назорат ва ҷое, ки лозим омад, бозмедоранд, то зиёдравӣ нашавад. Ин низом имкон намедиҳад, ки ҳамаи қудрат аз они як шахс ё як гурӯҳ шавад. Ба ин восита одамони бештаре дар идораи давлат саҳм мегиранд. Зиёд будани ин саҳм маънии ширкати мардумро дар идораи давлат дорад ва чунин давлат мардумист.

Мазмун ва маънои содаву омиёнаи идораи демократӣ ҳамин аст. Демократия - ҳокимияти халқ - ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад ва розӣ намешавад, ки як кас барои абад ва ё давраи тӯлонӣ ҳокимият кунад. Амрико, Бритониё, Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра бо ҳифзи ҳамин аслу асос ва пояи мардумсолорӣ ба чунин ҷойгоҳ расиданд. Мардумонашон болотарин шароити зисти инсониро доранд. Барои мисол, кишвари осиёии Сингапур дар шумори даҳгонаи беҳтарини олам қарор дорад. Ҳукумат ва роҳбаронаш иваз мешаванд ва маҳдудияти ҳузури як кас дар қудрат тағйирнопазир аст. Ҳалима Яъқуб, дар гузашта спикери Маҷлис ва феълан раиси ҷумҳури Сингапур мегӯяд, солҳои тӯлонӣ ё умрбод истодан дар сари қудрат хатар дорад.

“Хатарноктарин фард барои як ҷомеа ва як кишвар касе ҳаст, ки бихоҳад умрбод дар қудрат бимонад. Ӯ ватанфурӯш ва хоинтарин фард ҳаст, чаро ки бо гирифтани пеши роҳи дигарон имконияти хидмати нухбагон ва афкори тоза ва пешрафтро аз он ҷомеа ва аз он кишвар нобуд мекунад”, -- гуфтааст ӯ.

Бархе аз коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, табиат ва низоми мардуми мо ва бахусус мусалмонҳо тафовут дорад. Гузашта аз ин, таркиби фарҳанги иҷтимоӣ ва бофту сохти давлатҳои вомонда аз Шӯравии пешин ин арзишҳоро бардошта натавонистаанд. Вале масъала начандон марбути ҷомеа аст. Масъала баробарии ҳамагон дар назди қонун ва эҳтироми қонун аз тарафи ҳамагон аст. Шояд ниҳодӣ шудани ин эҳтиром вақт мехоҳад, аммо агар раҳбару кафили қонун солҳои дароз бо ҳар роҳу восита дар курсӣ бимонад, кӣ гуфта метавонад, ки чӣ қадар вақт даркор хоҳад шуд?

Дар давлатҳое, ки роҳбар солҳои тӯлонӣ дар сари қудрат меистад, ӯ нохоста пеши роҳи ин равандро мегирад ва намунаи Лукашенко баёнгари он аст, ки роҳи рушди эволютсионӣ оқибат ба револютсионӣ ё инқилобӣ табдил мегардад.

Аз тарафи дигар зарфият ва тавонмандиҳои инсонӣ маҳдуданд ва як инсон наметавонад энержиеро, ки дар 40-солагӣ дошт, то охири умр дошта бошад. Он талаф меёбад, вале дубора барқарор намешавад. Пас, як сабаби дигари ҳатмӣ кардани муҳлат ва давраи муайян барои як кас аз ин лиҳоз ҳам исботи илмӣ дорад.

Ҳамин чанд рӯзи пеш Худоёр Худоёрзода, вазири пешини нақлиёт гуфт, аз ин ки бознишаста шудааст, нороҳат нест: “Хабари ба нафақа гусел карданамро бисёр хуб қабул кардам. Бисёр кор кардем, монда шудем, дигар вақти нафақа шуд. Ҳам синнам расида буд ва ҳам хоҳиши худам буд, ки ба нафақа гусел кунанд.”

Албатта, чунин инсонҳо дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон аҳён-аҳён пайдо мешаванд. Ҳарфи онҳо на танҳо ба худашон дахл дорад. Солҳо пеш бо Сайидамир Зуҳуров, вазири пешини амният ва сардори Идораи бойгонии ҳукумати Тоҷикистон суҳбате доштам, ки дар барномаи “Меҳмони Озодӣ” нашру пахш шуда буд. Он вақт ӯ дар ҳукумат кор мекард, вале гуфт, ки ҳузури тӯлонӣ дар як мақом зарарбор аст.

“Ман намедонам, одамоне, ки дар як вазифа солҳои тӯлонӣ кор мекунанд, чӣ тавр кор мекарда бошанд. Зеро аз рӯи виҷдон агар 90 дарсади кӯшишу ҳаракатро барои иҷрои ҳамон кори вазифавии худ диҳӣ, дар ҳамон чаҳор-панҷ сол хаста мешавӣ ва дигар ҳеҷ кор карда наметавонӣ... Иваз кардан даркор, як мафкураи тоза, як мафкураи ҷавон, як мафкураи дигар бошад боз хубтару беҳтар. Аз ин чиз тарсидан даркор нест. Сад сол ҳам бошад, як рӯз не як рӯз меравӣ. Мисли мард бояд қабул кард... Зиндагӣ он маъноро надорад, ки 10-15 қасру 20-30 мошинаву дигару дигар дошта бошӣ. Зиндагии мисли дигар инсонҳо, ранги дигар инсонҳо озод бояд буд”. 

Бо маъзарат аз ин иқтибоси тӯлонӣ, таҷриба нишон медиҳад, ки раҳбарии дарозмуддат ҳар қадар, ки шӯҳрату маҳбубият оварад, ба ҳамон андоза норозигӣ ва бадбиниро низ халқ хоҳад кард, ки боз ҳам намунаи Лукашенко, чизе нагуфта аз Муаммар Қаззофӣ ё дарозумрони дигар, мисол шуда метавонанд.

Чунин сарварон ин ҳамаро ба хубӣ дарк мекунанд, ҳарчанд Александр Григоревич, на сари вақт, балки вақте об аз сар гузашт, ҳамчун узри бадтар аз гуноҳ инро эътироф кард, ки зиёдтар дар курсӣ нишастааст. Дарк мекунанд ва бо тамоми нерӯ ва воситаҳо, бо канор гузоштани манфиатҳои воқеии мардум, давлат ва кишвари худ, бо чаҳор дасту панҷа дар пайи ҳифзи қудрати хеш мешаванд. Онҳо дар чунин ҳолат бештари вақти худ, сармояи давлат ва зарфияти қудратро барои ҳифзи ҳузури худ масраф мекунанд ва рушду ривоҷ ва некӯаҳволӣ ва рифоҳи мардум ба ҷойи дувум меравад. Ва ин ҳама натиҷаи баръакс медиҳад.

Бо тамоми 26 соли сари қудрат будан ва ҳоло бо 80% овоз гирифтан ҳам Лукашенко он Лукашенкое нест, ки ҳадди ақал панҷ сол пеш буд. Ӯ дар оғози кор самимӣ ва халқӣ буд, вале муддати дароз истодан ӯро тағйир дод.

Ин нуктаро ҳам ишора кунем, ки Лукашенко гуфт “истодам”, нагуфт, ки “интихоб” шудам. Метавонист бигӯяд, ки “бале, шояд ман каме зиёдтар интихоб шудам”. Чунки медонад, ки интихоб нашудааст, интихоби аксарият нест. Ин дигар аз мушкили дарозумрони сиёсист, ки дигар бештар ба равоншиносӣ рабт мегирад, то сиёсат.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства Южного округа Москвы





Москва

"СВЯТОЙ ЛЕНИН" раскрыл загадку В.В. Жириновского и В.Г. Мессинга. СЕНСАЦИОННЫЕ ДАННЫЕ!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

Тимати проучил нового владельца “Black Star Burger” и перепродал его долги




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Работники Пожарно-спасательного центра показали свою слаженность в боевом развертывании

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

В новой Москве соревновались нештатные формирования


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Итальянские корни: дизайн автомобилей SWM



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России