Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

"АстраЗенека" озмоиши ваксина ба зидди коронавирусро идома медиҳад. САДО

0

Ширкати “АстраЗенека” озмоиши ваксинае ба зидди COVID-19-ро аз сар гирифт, ки онро яке аз ваксинаҳои босамар мешуморанд. Озмоиши ваксинаро баъд аз он боздоштанд, яке аз афроди ваксингирифта ба бемории номаълуме мубтало шуд ва шубҳаву гумон дар бораи истифодаи зуди ваксинаро барангехт.

Ҳоло ниҳодҳои назоратӣ дар Бритониё гуфтаанд, ки озмоиш метавонад идома ёбад. Марҳилаи саввум ва ниҳоии озмоиши ваксинаро, ки “АстраЗенека” ҳамроҳ бо Донишгоҳи Оксфорд омода месозад, ҳафтаи гузашта қатъ карданд. Ширкати “АстраЗенека” рӯзи 12-уми сентябр гуфт: “Рӯзи 6-уми сентябр арзёбии маъмулии ҷараёни озмоиш сабаби муттавақиф кардани ваксинзанӣ дар тамоми ҷаҳон шуд, то кумитаҳои мустақил ва нозирони байналмилалӣ бехатарии онро бисанҷанд.” Ба гуфтаи ширкат, онҳое, ки бехатар будани ваксинаро арзёбӣ кардаанд, ба Идораи Муттасаддии Назорати Қоидаҳои Тиббӣ дар Бритониё тавсия додаанд, ки идомаи озмоиш дар кишвар хатаре надорад.

Фарде, ки ваксинаи озмоиширо гирифтааст, бино ба гузоришҳо аломатҳои бемории илтиҳоби ҳароммағзро нишон додааст, ки инсонҳо ба он бисёр кам гирифтор мешаванд. “АстраЗенека”, ки дар шаҳри Кембриҷ қароргоҳ дорад, гуфтааст, доир ба бемор ҷузъиёти бештар аз инро нашр карда наметавонад. Дар баёнияи он омадааст: “Ширкат ҳамкорӣ бо мақомоти тиббӣ дар саросари ҷаҳонро идома медиҳад, ки озмоишҳо аз сар гирифта шавад, то мо тавонем, ваксинаро мунсифона ва бе ҳеҷ даромад васеъ тақсим кунем.”

Ҳинд мунтазири иҷоза, Бразилия дар ҷараёни озмоиш

Ширкат аз шарҳи онки кай озмоишҳои саросарии ваксина аз сар гирифта мешавад, худдорӣ кардааст. Пажуҳишгоҳи Серум дар Ҳинд гуфтааст, ки баъди гирифтани иҷоза аз Идораи Умумии Назорат Бар Доруворӣ дар кишвар, озмоиши ваксинаро идома медиҳад. ANVISA мутассаддии назорат бар қоидаҳои тиббӣ дар Бразилия рӯзи шанбе гуфт, ки баъди арзёбии иттилооти мақомоти назоратии Бритониё иҷоза додааст, ки озмоиши ваксина идома ёбад.

Донишгоҳи Федеролии Сао Пауло дар Бразилия, ки озмоишро анҷом медиҳад, бо нашри як баёнияе гуфт, ки аз миёни 5000 ихтиёрие, ки дар озмоиш бояд ширкат мекарданд, 4600 нафарашон ваксина гирифтаанд ва аз ҳеҷ мушкили ҷиддии сиҳатӣ шикоят накардаанд.

Ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон бесаброна мунтазири ваксинае ҳастанд, ки ба пандемияи COVID-19 хотима диҳад, ки то ҳол бештар аз 900 000 нафарро куштааст ва аҳволи иқтисоди ҷаҳонро бад кардааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, ки ваксинаи “AstraZeneca” яке аз ваксинаҳои умедбахш аст. Марҳилаи ниҳоии озмоиши он дар Амрико, Бритониё, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ сурат мегирад ва қарор аст, дар Ҷопону Русия ҳам онро бисанҷанд.

Мутаввақиф шудани озмоиши ваксина гӯшзаде аз мушкилӣ

Озмоиши ваксинаро дар замоне боздоштанд, ки дар Амрико мехоҳанд, ваксина ҳарчӣ зудтар ва пеш аз интихоботи моҳи ноябр барои истифода иҷоза бигирад. Офарандагони аслии ваксинаҳо дар Амрико ва Аврупо ваъда додаанд, ки ҳангоми сохтани он ба илму қоидаҳои тиббӣ такя мекунанд ва ба фишорҳои сиёсӣ бо талаби истеҳсоли ҳарчӣ зудтари ваксина тан намедиҳанд.

“АстраЗенека” гуфтааст, ки омода аст, се миллиард ваксинаро дар байни кишварҳои ҷаҳон тақсим кунад. Ваъдае, ки дигарон надодаанд. Питер Опеншау, профессори Коллеҷи Салтанатии Лондон ва раиси идораи илмии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, ки боздоштани озмоиши ваксина бояд як “гӯшзаде” ба ҳама бошад, ки ҳангоми офаридани он ба пастиву баландӣ рӯ ба рӯ мешавед.

Ӯ гуфтааст: “Дар чунин озмоиши васеъ, ногузир масоили бехатарӣ рӯ мезанад. Ҳамаи мо бояд умедвор бошем, ки дигар чунин ҳодисаҳо сар намезанад ва амну босамар будани ваксина собит мешавад.”





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

На Мальдивы – без лишних трат


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

Вечер бардовской песни, посвященный Юрию Визбору, пройдет 19 июня в Обручевском




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО


Ролан Гаррос

"Ролан Гаррос" стартовал в Париже



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

В Архангельске в результате пожара в жилом доме погиб один человек



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России