Интихоботи маҳаллӣ дар Русия барои ҳизби ҳоким як имтиҳон шуд
Интихоботи маҳаллӣ дар Русия, ки 41 минтақаро фаро гирифт, барои ҳизби ҳокими ин кишвар дар остонаи интихоботи сартосарии соли оянда як имтиҳони ҷиддӣ шуд. Ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” то рафт маҳбубияташро аз даст медиҳад. Дар паи овоздиҳие, ки 13-уми сентябр баргузор шуд, аз 41 минтақа дар 18-тоаш бояд раҳбари нав, дар 11-тоаш маҷлиси маҳаллӣ ва дар 22 шаҳр маҷлиси шаҳрии нав интихоб хоҳад шуд. Ба иловаи ин, дар интихоботи миёндавраӣ овоздиҳандагон чор узви Думаи давлатиро интихоб карданд, ки ҷои холишудаи курсӣ дар маҷлисро ишғол мекунанд. Дар овоздиҳии рӯзи якшанбе 35 миллион нафар ҳақи овоздиҳӣ доштанд. Ин интихобот баъди камтар аз як моҳи заҳрошудшавии раҳбари мухолифон Алексей Навалний баргузор шуд. Ҷонибдорони ӯ Кремлро гунаҳгор мекунанд.
Дар овоздиҳии рӯзи гузашта нозирони байналмилалии САҲА даъват нашуданд. Мақомот гуфтанд, ки ба хотири пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус, овоздиҳӣ ду рӯз пеш аз санаи расмӣ шурӯъ мешавад. Вале мунаққидон гуфтанд, ки ин як баҳона аст, то ки натиҷаҳои интихобот ба манфиати ҳизби “Русияи воҳид” тақаллуб шавад.