Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Яке аз Русия баргаштан мехоҳад, дигарӣ муштоқи бозгашт ба Русия аст. ВИДЕО

0
Яке аз Русия баргаштан мехоҳад, дигарӣ муштоқи бозгашт ба Русия аст. ВИДЕО

Хабари парвозҳои махсус барои донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ аз Душанбе ба шаҳри Минск дӯконҳои билетфурӯшии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-ро серодам кардааст.

Билетҳои парвоз ба пойтахти Белорусро танҳо бар асоси рӯйхати Вазорати илм ва маориф мефурӯшанд, аммо муҳоҷирони корӣ ҳам ба назди дӯконҳо омадаанд ва мехоҳанд, аз ин роҳ худро то ба Русия бирасонанд. Одинаи Неъматзод, як сокини Душанбе, ки барои хариди билет омада буд, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои билет саргардонем. Дар сомонаи «Госуслуги» сабти ном кардем, боз ҳам нашуд. Ҳоло барои билети Минск саргардонем.»

Саидҷон Сатторӣ, сокини дигари Душанбе мегӯяд, омода аст, барои рафтан ба Русия қарз бигиранду билети гаронро ҳам бихарад: “Нархи билет то Белорусияро 5200 сомонӣ мегӯянд, то 6800 сомонӣ. Намедонам бароям билет мерасад ё не, ба ҳар сурат қарз гирифта меравам.»

Бо вуҷуди парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ ба Русия аз Тоҷикистон ду кишвар ҳануз роҳро барои ҳаракатҳои мунтазами ҳавопаймоҳо боз накардаанд. Русия гуфт, ки парвозҳои доимӣ аз Маскавро рӯзи 21-уми сентябр ба пойтахтҳои Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон аз сар мегирад. Дар хабари Русия дар бораи азсаргирии парвозҳои доимӣ ба Тоҷикистон ҳарфе гуфта нашудааст, мақомоти кишвар ҳам намедонанд, ки Русия кай дигарбора иҷозаи парвозҳои маъмулиро медиҳад.

Амриё Бобоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тоҷикистон ҳанӯз 22-уми июл Русияро дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Федератсияи Русия бо риояи қатъии талаботи санитарию зиддиэпидемикӣ расман хабардор карда буд. Ҷониби Русия дар навбати худ иттилоъ дод, ки таърихи барқарор кардани парвозҳои мунтазам баъд аз машваратҳои мақомоти авиатсионии ду кишвар муайян карда мешаванд. Ба ин далел, музокирот дар ин бора идома дорад ва тасмими ниҳоиро бояд мақомоти Русия бигиранд”.

Дар ҷустуҷуи ҳар роҳ барои расидан ба Русия

Парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия аз моҳи марти соли ҷорӣ ба далели хуруҷи бемории COVID-19 қатъ шуд ва садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дармонданд. Мақомот ахиран эълон карданд, ки аз рӯзи 16-ум то 30-юми сентябри имсол барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, парвозҳо аз Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Уфаву Сургут ба Душанбе ба нақша гирифта шудааст ва тавассути ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" анҷом мешавад. Дар ширкати “Сомон Эйр” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ин тараф, яъне аз Душанбе мусофирон ба Русия интиқол дода намешаванд ва ба ин далел арзиши билет ба Тоҷикистон аз Русия муодили 395 евро аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик талош доштаанд, ба шаҳри Дубай ва сипас аз онҷо ба Маскав парвоз кунанд. Ҳоло байни Душанбе ва Дубай парвозҳои маъмулӣ вуҷуд дорад. Арзиши билет аз ин роҳ ҳудуди 1300 доллари амрикоӣ будааст.  Аммо, ҳам дар ширкати “Флай Дубай” ва ҳам “Сомон Эйр” гуфтанд, ки онҳо парвози мусофирон то Дубайро кафолат медиҳанд ва ба Маскав, касоне метавонанд, бираванд, ки шаҳрвандии Русияро доранд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Концерты оркестра Бутмана посмотрели более 50 миллионов китайцев




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Персонажи «Дракошии» и «Команды МАТЧ» примут участие в театрализованном шествии на Московском детском фестивале искусств «Небо» в Парке Горького


Ролан Гаррос

Медведев пошутил о том, что часто проводит ночные матчи на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России