Фаъоли пешини Ҳизби демократ 7 сол зиндонӣ шуд. Гадоев: Инҳо "ошиқ"-и ман нестанд. ВИДЕО
Як фаъоли пешини Ҳизби демократро дар вилояти Суғд ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот Рустам Мамаҷоновро барои бознашри навори мухолифини тоҷик гунаҳкор донистаанд, вале вакили мудофеъ ноодилона хонд.