Ҷасади наврасони ғарқшударо гӯронданд, аммо баҳси "кӣ гунаҳкор?" монд. ВИДЕО
![Ҷасади наврасони ғарқшударо гӯронданд, аммо баҳси](https://gdb.rferl.org/82ea9e3b-d1a5-4fce-8797-e26cd13d318c_tv_w800_h450.jpg)
Пайвандони чаҳор наврас аз Истаравшан, ки ду рӯз пеш дар дарёи Сир ғарқ шуданд, ҷузъиёти ҳодисаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд. Ба гуфтаи онҳо, фарзандонашон якҷо бо зиёда аз 20 хонандаи дигар ба тамошои Хуҷанд рафта, ҳангоми оббозӣ ба умқи дарё фурӯ рафтаанд.