Пешсафии "Хуҷанд" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон
Рӯзҳои 10-11-уми июл бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Се бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва як дидор бо ғалабаи меҳмонон анҷом пазируфт, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.