Дар пайи таркиш дар кони ангишти Шӯроб як нафар кушта ва чанд тан захмӣ шуд
Бар асари таркиш дар кони зеризаминии Шӯроб, ки ангишт истеҳсол мешавад, як куштаву чанд тан захмӣ шуданд. Масъулони ин корхона мегӯянд, бинобар фарзияи пешакӣ таркиш аз газе, ки аз дохили нақбҳои зеризаминии кон хориҷ мешавад, ба амал омадааст. Гурӯҳҳои наҷот ҳоло бо бартарафкунии оқибатҳои ин ҳодиса машғуланд.
Ҳусейн Бобозода, сармуҳандиси ин кон рӯзи 24-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса тахминан соати 16:30 дақиқа рух дод ва Абдуманнон Тошбоев сардори бригадаи коргарон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ӯро ба ташхисгоҳ бурдем ва ҳоло корро муваққатан то бартарафшавии садама қатъ кардем."
Як манбаъи боварбахши Радиои Озодӣ ҳамчунин афзуд, ки 7 каси дигар дар ин ҳодиса захмӣ бардошта ва ба беморхона интиқол дода шудаанд.
Туйчиқул Муродқулов, сардори минтақавии ҳолатҳои изтирории зеризаминӣ низ афзуд: "ҳоло кормандон ба ҷойи ҳодиса рафта кумаки аввалияро расонида истодаанд ва дар сурати маълум шудани хисороти молию ҷонии бештар маълумот ироа хоҳад шуд."
Кони зеризаминии Шӯроб аз калонтарин конҳои истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон аст. Ҳусайн Бобозода мегӯяд, ингуна садамаҳо кам рух медиҳад ва дар даҳсолаи ахир нафаре ҳангоми кор дар кон ба ҳалокат нарасидааст.