"НДС ва андози иҷтимоӣ кам мешавад". Сабукиҳои қонунеро, ки борҳо танқид шудааст, шарҳ доданд. ВИДЕО
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар Кодекси нави андоз, ки тарҳи он дар баррасии ҳукумат аст, навъу миқдори молиёт (налог) кам карда шудааст. Низоми андозбандии Тоҷикистон ба хотири сарбории зиёд доштан барои соҳибкорон борҳо танқид шудааст.