Куштори ду зан дар як идораи давлатӣ дар Тоҷикистон. Сукути мақомот ва тахмини наздикон. ВИДЕО
Мақомоти интизомӣ дар Деваштич (Ғончии собиқ) қатли ду зани фаррошро дар Идораи замини ноҳия таҳқиқ доранд. То кунун ду гумонбар дастгир шуда, аммо ангезаи он маълум нест. Мақомот чизе намегӯянд. Пайвандони занон тахмини худро доранд ва муҷозоти гунаҳкоронро мехоҳанд.