Дар Русия як миллион муҳоҷирро "ғайриқонунӣ" номидаанд
Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия, ба расонаҳо гуфтааст, ки соли гузашта дар ин кишвар наздики як миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ сабт шуда буд.
Русия муҳоҷиронеро, ки "ғайриқонунӣ" меномад, боздошт ва ихроҷ мекунад.
То моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Русия дар пасманзари маҳдудиятҳо ба хотири коронавирус эълон карда буд, ки сабти будубоши шаҳрвандонро тамдид мекунад ва онҳо барои ҳузури ғайриқонунӣ аз ин кишвар хориҷ намешаванд.
Вадим Коженов нагуфтааст, ки ин муҳоҷирон кӣ буданд ва сарнавишти онҳо чӣ шудааст.
Соли гузашта садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бо баҳонаи ҳузури ғайриқонунӣ аз ин кишвар хориҷ карданд. Бархе муҳоҷирон гуфтанд, онҳоро беасос ё бо баҳонаҳои ночиз аз ин кишвар рондаанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Русия 6 миллиону шашсад муҳоҷир сабт шудааст, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ду баробар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар будааст.
Бино бар ҳисобҳои гуногун ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.