Тоҷикистон аз Туркия хостааст, "Абу Довуд"-ро бисупорад. Анкара мепазирад?
Ба иттилои дарёфтӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби Туркия хостааст, Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд)-ро, ки мақомот "узви хатарноки ДОИШ" ном мебаранд, ба онҳо бисупорад. Масъулон расман иттилоъ намедиҳанд. Ҷониби Туркия дар бораи эҳтимоли истирдоди "Абу Довуд" чизе нагуфтааст.