Ҳиҷоб дигарбора дар Туркия баҳсбарангез шуд
Дар Туркия пӯшидани ҳиҷоби исломӣ дигарбора ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Бо наздиктар омадани интихобот, ки як соли дигар то он мондааст, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ваъда медиҳанд, ки дар сурати пирӯзӣ ба сару бар кардани ин либосро барои занон қонунӣ хоҳанд кард.