Гузоришҳо: Аҳмад Масъуд ба Русия рафтааст
Телевизиони "Ому" бо такя ба манбаъҳои наздик ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, хабар додааст, ки ӯ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта барои гуфтугӯ бо мансабдорони Русия, ба он кишвар рафтааст.