"Марги ҳафт тоҷик дар роҳ ба Умра". Қариб 1000 нафарро аз сафари Саудӣ гардондаанд. ВИДЕО
Масъулони Кумитаи дин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир ҳудуди ҳазор нафарро аз сафари, ба гуфтаашон, "бебандубори" Ҳаҷҷи Умра гардондаанд. Онҳо аз зоирон мехоҳанд, танҳо ба воситаи ширкатҳои расмӣ ба Арабистони Саудӣ бираванд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, хадамоти ин ширкатҳо гарон аст.