Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2023

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон-2026 маълум шуданд

0
Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон-2026 маълум шуданд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ миёни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 дастаи мунтахаби миллӣ рақобат мекунад. Бозҳо аз 16-уми ноябри соли 2023 то 11-уми июни соли 2024 баргузор хоҳанд шуд.

Баъди ҷамъбасти даври дувуми интихобӣ ғолибони нӯҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дувумро мегиранд, муборизаро дар даври севуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Қуръакашии даври севуми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 соли 2024 доир мегардад. Аз рӯи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Пас аз натиҷагирии даври севум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 мегарданд.

Боз ду дастаи иштироккунандаи мустақим аз қораи Осиё дар даври чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян мешаванд ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.

18 даста, ки дар даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ҷойҳои севуму чаҳорумро мегиранд, ба даври севум ва ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.

Натоиҷи қуръакашии даври дувуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Ҳиндустон, Кувайт, ғолиби ҷуфти Афғонистон – Муғулистон.

Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти Мянмар – Макао.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд, ғолиби ҷуфти Сингапур – Гуам.

Гурӯҳи «D»: Умон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбейи Чин – Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «E»: Эрон, Узбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти Ҳонконг – Бутан.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти Индонезия – Бруней.

Гурӯҳи «G»: Арабистони Саудӣ, Урдун, ТОҶИКИСТОН, ғолиби ҷуфти Камбоҷа – Покистон.

Гурӯҳи «H»: Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, ғолиби ҷуфти Яман – Шри-Ланка, ғолиби ҷуфти Непал – Лаос.

Гурӯҳи «I»: Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти Молдив – Бангладеш.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмуъ дар чаҳорчӯби даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ҳамагӣ шаш бозӣ – ду дидор моҳи ноябри соли равон ва чаҳор бозии дигар моҳҳои март ва июни соли оянда - анҷом медиҳад.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «G»

Даври 1-ум

16-уми ноябри соли 2023

ТОҶИКИСТОН – Урдун

 

Даври 2-юм

21-уми ноябри соли 2023

Камбоҷа/Покистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3-юм

21-уми марти соли 2024

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Даври 4-ум

26-уми марти соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Арабистони Саудӣ

Даври 5-ум

6-уми июни соли 2024

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Даври 6-ум

11-уми июни соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа/Покистон





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

На восстановление уйдет год: невеста Тимати пострадала на Мальдивах




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Андрей Рублёв

Рублёв в трёх сетах обыграл Маркоса Гирона и вышел в третий круг «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России