Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Новости за 01.08.2023

Эъломи вазъи фавқулода дар бахши энергетикаи Қирғизистонро шарҳ доданд

Ozodi.org 

Вазири энергетикаи Қирғизистон, Таалайбек Ибраев сабаби эъломи вазъи фавқулода дар бахши энергетикаи ин кишварро шарҳ дод. Вай дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин низом ба сокинон ва бахши тиҷорӣ таъсире нахоҳад дошт. "Дар мо неруи барқ кам тавлид мешавад. Мо соли 2010 дар неругоҳи "Қамбарота-2" як чархаро ба кор андохтем. Иқтидори неругоҳ 120 мегаватт аст, вале он ҳамагӣ 90 мегаватт тавлид мекунад. Вақте сармоягузорон мехоҳанд, неругоҳи барқии обӣ бунёд кунанд, дар масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин мушкил пеш меояд. Читать дальше...

"Моро эътироф кунед”. Баҳси сабти Ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) барои сабти номи ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон ба Кумитаи дин муроҷиат кардааст. Раиси Кумитаи дин мегӯяд, ба ин рӯзноманигор талаботи қонунгузорӣ барои сабти иттиҳодияҳои диниро фаҳмонданд.



Дар Туркманистон маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет сахттар шуд

Ozodi.org 

Маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет дар Туркманистон давоми чанд рӯзи ахир сахттар шудааст. Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ворид шудан ба сомонаи фурӯшгоҳҳои онлайнии туркӣ ва чинӣ, ки қаблан дар Туркманистон бе мушкил боз мешуданд, номумкин шудааст. Ба гуфтаи хабарнигор, ҳатто сомонаҳои сафорати кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Ишқобод низ бо филтиршикан ё VPN боз мешаванд. "Аз ҷумла, сомонаи сафорати Русия дар Ишқобод, ки барои бештари сокинон муҳим аст, бо VPN боз мешавад", - афзудааст ӯ. Читать дальше...

Иҷозаи кори"Сангтуда-1"-ро тамдид накарданд. Раиси нерӯгоҳ аз камбуди барқ ҳушдор дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон муҷаввизи “Сангтуда-1” яке аз нерӯгоҳҳои бузурги кишварро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш аз Русия аст, моҳҳо боз тамдид накардааст. Раҳбарияти нерӯгоҳ ҳушдор додааст, ки идомаи таъхиркорӣ дар дарёфти иҷозатнома барои кор, метавонад боиси мутаваққиф шудани кори ин нерӯгоҳ гардад. Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки “Сангтуда-1” санадҳояшро барои дастрас намудани иҷозатнома ба онҳо пешниҳод кардааст, вале шарҳи бештар надод. Ӯ рӯзи 31-уми... Читать дальше...

Додгоҳи Русия афродеро, ки дар оташ задан ва куштори муҳоҷирони тоҷик айбдор мешуданд, бегуноҳ эълон кард

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия як пулис ва се сокини маҳаллиро, ки дар ҳодисаҳои ду сол пеш дар оташ задани вагони зисти муҳоҷирон ва куштани ду тан аз онҳо айбдор мешуданд, бегуноҳ донистааст.



Ахбори Озодӣ аз 1-уми августи соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Додгоҳи Русия як афсар ва се сокини шаҳри Иркутскро, ки дар оташ задан ва куштори муҳоҷирони тоҷик нақш доштаанд, сафед кард, Тоҷикисон муҷаввизи кори Сангтӯда-1-ро тамдид накардааст, мушкили сабтиноми ҷамоаи зардуштиён дар Тоҷикистон ва матолиби дигар.

Иштироки 5 паҳлавони тоҷик дар "Hungary Masters-2023"

Ozodi.org 

Панҷ паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқоти пурнуфузи устодони ҷудо «Hungary Masters-2023”, ки рӯзҳои 4-6-уми август дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шахри Будапешт баргузор мешавад, ширкат меварзад. Тибқи низомнома ба ин мусобиқоти байналмилалӣ варзишгароне даъват шудаанд, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар 38-гона мавқеъ доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар «Hungary Masters-2023” инҳо дохиланд:   ⁃ 66 кг - Эмомалй Нуралӣ   ⁃ 66 кг - Обид Ҷебов   ⁃ 73... Читать дальше...

"Давлати исломӣ" масъулияти таркиш дар Покистонро бар ӯҳда гирифт

Ozodi.org 

Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти таркиш дар вилояти Хайбар-Пахтунхвоҳи Покистонро, ки дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт, бар дӯш гирифтааст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ гуфтаанд, ҳадаф мубориза бо гуруҳи тундрави Толибони Покистон (Таҳрики Толибони Покистон) буд. Қаблан гуфта мешуд, ки эҳтимол ин таркишро "Таҳрики Толибони Покистон" анҷом додааст. Хабаргузории марбут ба ДИ - "Amaq" шоми душанбе акси маргталаберо нашр кард, ки худро дар миёни одамон тарконид. Намояндаи ДИ гуфтааст, ӯ бо дастури онҳо амал мекард. Читать дальше...

Вазорати маориф сабаби давлатӣ кардани Литсейи Оқохонро шарҳ дод

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабаби давлатӣ кардани литсейи Оқохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро эълон кард. Қаблан ҳукумати ВМКБ давлатӣ шудани Литсейи Оқохонро тасдиқ карда, бидуни шарҳи далели давлатӣ кардани он гуфта буд, ки ин муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оқохон, минбаъд ҳамчун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф кор мекунад. Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф рӯзи якуми август зимни як нишастӣ хабарӣ дар Душанбе гуфт, давлатӣ... Читать дальше...

Дар Қазоқистон назорати дороиҳои баргардонидашуда сахттар мешавад

Ozodi.org 

Вазорати молияи Қазоқистон лоиҳаи қарори ҳукумати ин кишварро ба баррасии умум пешниҳод кардааст, ки таъсиси ширкати давлатӣ барои идораи дороиҳои баргардонидашударо пешбинӣ мекунад. Ширкати мазкур дар асоси қонун дар бораи баргардонидани дороиҳои давлатии Қазоқистон, ки ғайриқонунӣ аз худ карда шудаанд, таъсис дода мешавад. Ин қонун 12 июли имсол қабул гашт. Тибқи лоиҳаи қарор, ширкат вазифадор аст, ки дороиҳои баргардонидашудаи давлатиро ба ихтиёри худ дароварда, онҳоро ҳифз ва раванди харҷашонро идора кунад. Читать дальше...

Медали тилои паҳлавони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Тошканд

Ozodi.org 

Абубакр Шеров, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 27-30-юми июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, медали тило ба даст овард. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқот миёни наврасон 86 варзишгар аз 4 кишвар ва миёни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 кишвар ширкат варзиданд. Тоҷикистонро миёни наврасон 33 варзишгар ва миёни ҷавонон 49 варзишгар намояндагӣ карданд. Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн ... Читать дальше...

Пригожин мегӯяд, "Вагнер" ҳоло ба нерӯ ниёз надорад, шояд дар оянда

Ozodi.org 

Евгений Пригожин, фармондеҳи гурӯзи муздурони "Вагнер" дар паёме савтӣ, ки рӯзи душанбеи 31-уми июл нашр шуд, гуфт, ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир нерӯ ҷамъ намекунад, вале ба эҳтимоли зиёд дар оянда ин корро хоҳад кард. Дар пайи ошӯби муздурони "Вагнер" зидди фармондеҳони баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар рӯзи 23-юми июн, сарнавишти ин гурӯҳ ва фармондеҳи он Евгений Пригожин ба норушанӣ рубару шуда буд ва Кремл эълон кард, ки зархаридони "Вагнер" ба Белорус хоҳанд рафт. Бо вуҷуди суханони тунди... Читать дальше...

Ҷоми Тоҷикистон-2023: Ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ муайян шуданд

Ozodi.org 

Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбол, ки рӯзҳои 29-30-юми июл доир гардиданд, ҷуфтҳои даври чорякниҳоии мусобиқотро муайян карданд.  Дар чоряфинал «Истиқлол» (Душанбе) бо «Файзканд» (Восеъ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо «Эсхата» (Хуҷанд), «Моҳир» (Ёвон) бо «Хатлон» (Бохтар) ва «Ҳосилот» (Фархор) бо «Равшан» (Кӯлоб) бозӣ мекунанд. Бозиҳои даври чорякниҳоӣ рӯзҳои 26-27-уми август баргузор мешаванд.   Ҷоми Тоҷикистон-2023 1/8 финал «Истиқлол» – КМВА – 5:1 Голҳо: Седрик Гогуа, 11 (1:0). Читать дальше...

Содироти барқ аз Тоҷикистон дар 6 моҳи ахир кам шудааст

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар наздики 974 млн кВТ/соат нерӯи барқ содир кардааст. Дар ин бора Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 85 млн кВт/соат кам мебошад. Арзиши барқи содиркардаи Тоҷикистон ба хориҷа 383 млн сомонӣ ҳисоб шудааст. Харидори асосии барқи Тоҷикистон Афғонистон буда, дар 6 моҳ 685 млн кВт/соат бо арзиши қариб 320 млн сомонӣ дастрас кардаст. Ҳаҷми содироти нерӯи... Читать дальше...

Давлатзода: Калисои протестантӣ барои сабти ном муроҷиат накардааст

Ozodi.org 

Раиси Кумитаи дин мегӯяд, пайравони равияи протестантӣ барои сабти номи калисо дар Тоҷикистон расман муроҷиат накардаанд. Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) дар гузориши наваш рӯзи 1-уми май навишт, мақомоти Тоҷикистон ба сабтиноми як калисои протестантӣ посухи рад додаанд.  Аммо Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, давоми ду соли ахир ягон гуруҳи протестантӣ барои сабти ном ба ин ниҳод муроҷиат накардааст. Давлатзода афзуд... Читать дальше...

Фавти 4 зоири тоҷик дар мавсими ҳаҷ

Ozodi.org 

Дар мавсими ҳаҷҷи имсола 4 зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ вафот карданд. Дар ин бора масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана 1-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.   Дар хабарномаи Кумитаи дин омадааст, ин шаҳрвандон “бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб дар ҳамон ҷо дафн шуданд".  Дар бораи зоирини фавтида маълумоти бештар дода нашудааст. Радиои Озодӣ моҳи июни имсол хабар дода буд, ки яке аз зоири фавтида Абдулло Шарифов, сокини ноҳияи Мастчоҳ буд. Читать дальше...



Москва

Электрокроссовер Voyah Free получил новую версию для России. Ее представили в Москве


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил работников скорой помощи с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Театр, искуство, Россия и дети: кукольная фотосессия в Бурятии




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Зенит" потерпел второе поражение подряд в РПЛ

«Динамо» подложило под «Зенит» бомбу! «Краснодар» может возглавить РПЛ за четыре тура до конца

ЦСКА уступил "Балтике" в 26-м туре чемпионата России


Андрей Рублёв

Рублёв победил Давидович-Фокину в 3-м круге «Мастерса» в Мадриде, отыгравшись с 0:5 на тай-брейке



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России