Дар Узбекистон 286 касро афв карданд
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармони афви 286 шаҳрвандро имзо кардааст.
Аз ин шумор 30 тан шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 3 тан онҳое ҳастанд, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ иштирок кардаанд.
Афви мазкур ба 32-солагии истиқлоли Узбекистон бахшида шудааст.
Миёни афвшудаҳо 39 зан, 22 марди аз 60-сола боло низ ҳаст.