Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Новости за 31.08.2023

Мактабҳои Тоҷикистон зиёд, муаллим камтар мешавад?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз мешавад. Даҳҳо ҳазор нафар бори аввал ба остонаҳои муассисаи таълимӣ қадам мемонанд. Вазорати маориф мегӯяд 1-уми сентябр мактабу кӯдакистонҳои нав ифтитоҳ меёбанд. Аммо нигарониҳое вуҷуд дорад, ки мактабҳои нав камбуди 3500 муаллимро сахттар хоҳад кард.



Оташ нисфи бозори бузурги Ҳисорро “хокистар” кард

Ozodi.org 

Субҳи имрӯз дар калонтарин бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор сӯхтор ба амал омад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надошт, вале тоҷирони бозор зиёни молӣ дидаанд. Мақомот мегӯянд, барои муайян кардани сабаб ва ҳаҷми зарари сӯхтор таҳқиқро шурӯъ намудаанд.

Барои сохтани хонаҳои вайроншудаи Кӯлоб масҷидҳо низ пул медиҳанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хонаҳоеро, ки дар садамаи маргбори 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб осеб дидаанд, аз нав месозанд. Дар ҳоле, ки чор манзили сокинон дар пайи бархӯрди мошини як ширкати воридкунанда осеб дид, мақомот барои ҷуброни зарар аз масҷидҳо маблағ ҷамъ мекунанд.

Хонаҳои вайроншудаи Кӯлобро бо кумаки мардум месозанд

Ozodi.org 

Ҳукумати Хатлон эълон кард, ки то шурӯъи сардиҳо чаҳор оилаи зарадида дар садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб соҳиби манзили нав мешаванд. Гуфтанд, ки хонаҳоро ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб бунёд мекунанд, аммо тавре маълум мешавад мақомот аз имомхатибон барои бунёди ин хонаҳо кӯмак хостаанд.

Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалӣ аз 4 кишвари собиқи шӯравӣ пеш аст

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи мусобиқот бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мақоми ҳаштумро соҳиб шудааст.



Эмомалӣ Раҳмон ба мулоқоти Байден даъват шудааст

Ozodi.org 

Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватнома дарёфт карда, аммо дар ин замина ба хулосае наомадааст. Дар ин бора муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ хабар додааст. Имомӣ гуфтааст, масъала дар ҳоли баррасӣ аст.

Забонхат ва ваъдаи бозгашт. Талаботи нав барои хуруҷ аз Туркманистон

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба хориҷ сафар кунанд, талаботи нав ҷорӣ кардаанд. Акнун туркманистониҳо пеш аз сафар бояд анкетаеро пур карда, аз санҷиш гузаранд ва забонхат нависанд, ки баъди ба поён расидани муҳлати раводид ба ватан бармегарданд.

Пирӯзии "Ситораҳои "Барселона" дар бозии дӯстона ба "Ситораҳои Осиё"

Ozodi.org 

Бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи «Ситораҳои «Барселона» ва «Ситораҳои Осиё», ки шоми чоршанбеи 30-юми август дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – баргузор шуд, бо пирӯзии испаниҳо бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Голҳоро Ривалдо, Хуан Пабло Сорин и Хавйер Савиола ба самар расонданд.

Яке аз фарзияҳои суқути ҳавопаймои Пригожинро эълом карданд

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, яке аз фарзияҳои суқути ҳавопаймое, ки раҳбари ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер” Евгений Пригожин дар дохили он буд, метавонад "ҷинояти барқасдона" бошад. "Ба далели он ки ҳанӯз хулосае дар даст нест, наметавонам ба шумо дақиқ гӯям, ки чи шудааст. Аммо фарзияҳои гуногунанд. Яке аз онҳо метавонад "ҷинояти барқасдона" бошад. Биёед мунтазири натиҷаи санҷиши Кумитаи тафтишотии Русия бимонем", - иқтибос овардааст РБК аз суханони Песков. Хабаргузории Reuters қаблан иттилоъ дода буд... Читать дальше...

Ҳаракати нахустин қатораи боркаш аз як шаҳри Чин ба Тошканд

Ozodi.org 

Нахустин қатораи борбар рӯзи сешанбе аз шаҳри Чжантсзякоуи вилояти Ҳебейи Чин ба самти Осиёи Марказӣ ҳаракат кардааст. Дар ин бора Хабаргузории чинии Синхуа иттилоъ додааст. Қатораи боркаш, ки ҳомили қисмҳои эҳтиётии мошин, таҷҳизоти маишӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ аст, аз истгоҳи роҳи оҳани Сяхуайюан озими Тошканд шудааст. Ширкати "China Railway Beijing Group" гуфтааст, қатора тавассути бандари Хоргос, воқеъ дар шимолу ғарби вилояти худмухтори Шинҷони Чин убур карда, дар давоми 15 рӯз ба Узбекистон хоҳад расид.

Тарс ё фирор аз масъулият: Хомӯшии роҳбарон дар бораи марз баҳри чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон дигар мисли солҳои гузашта дар бораи аломатгузории марз ҷавоби мушаххас намедиҳанд. Он ҳам дар ҳоле, ки дар нишастҳои қаблӣ ин роҳбарон дар бораи нишонагузории марз бо Қирғизистон ҷузъиёти бештар медоданд.



Москва

«1418»: выставка секции «Арт-фото» ТСХР в зале «Лаврушинский`15»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: К открытию Троицкой линии территории возле новых станций благоустроят



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Цой

У могил Горшка и Виктора Цоя на Богословском кладбище появилась защита от вандалов




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Результаты забега на 5 км на Московском полумарафоне. Аплачкина и Голоктионов установили рекорды соревнований

Московские школьники стали победителями всероссийской олимпиады по математике

"Динамо" и "Зенит" назвали стартовые составы на матч 26-го тура РПЛ


WTA

Потапова проиграла Фернандес во втором круге турнира WTA в Мадриде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Собянин: К открытию Троицкой линии территории возле новых станций благоустроят



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России