Дар Гурҷистон мехоҳанд, президентро барканор кунанд
"Орзуи гурҷӣ" - ҳизби ҳокими Гурҷистон гуфт, раванди эъломи раъйи беэътимодиро нисбати президенти он кишвар Саломе Зурабишвилӣ шуруъ кардааст. Чунин тасмим баъди сафари Зурабишвилӣ ба Аврупо гирифта шудааст. Дар ин бора раиси ҳизб Ираклий Кобахидзе хабар дод.