Ҳимолой серборон ва камбарф шудааст
Дар давоми ду моҳи гузашта боронҳои пайдарпай боиси обхезиву лағжидани замин дар минтақаи кӯҳии Ҳимолойи Ҳиндустон шудаанд. Пажӯҳишгарон мегӯянд, яке аз сабабҳои ин ҳол тағйири иқлим аст. Ба гуфтаи онҳо дар ин гӯшаи кӯҳии олам борон нисбат ба барф бештар борида, хавфи офатҳои табииро афзоиш медиҳад.