Идомаи баррасии парвандаи журналист Светлана Глушкова дар Нурсултон
Баррасии парвандаи маъмурии хабарнигори телевизиони "Настоящее Время" Светлана Глушкова имрӯз, 2 апрел, идома мекунад.
Дар ҷаласаи додгоҳии 1 апрел ҷабрдида аз додгоҳ хост, ки намояндагони расонаҳо толорро тарк кунанд. Додгоҳ дархости ҷабрдидаро қонеъ кард, аммо ҷавобгар хост, ки судя иваз шавад. Ба ин далел, баррасии парванда мавқуф гузошта шуд.
Рӯзи 22 март кормандони пулис ӯро замоне боздошт карда буданд, ки боздоштҳои бозори "Шапагат"-ро инъикос мекард. Пулис гуфт, ӯро дар асоси шикояти як зан боздошт кардааст. Зане ба пулис шикоят бурдааст, ки гӯё Глушкова ӯро тела додааст. Он рӯз Глушковаро беш аз 5 соат дар идораи пулис нигаҳ дошта, бидуни тартиб додани санад ва кушодани парванда раҳо карданд. Рӯзи якшанбеи 31 март Глушкова дубора боздошт шуд. Ӯро ба маҳзи расидан аз шаҳри Алмато ба Нур-Султон дар фурудгоҳ боздошт карданд. Баъди чаҳор соати боздошту бозпурсӣ, даъватномаи додгоҳро ба дасташ супурданд.
28 март созмони ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" боздошти хабарнигор Светлана Глушковаро маҳкум карда буд. Ин созмон аз мақомоти Қазоқистон хост, таъқиби рӯзноманигоронро қатъ кунанд.
"Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ", ки телевизиони "Настоящее Время" ҷузъи ин радиост, амалкарди мақомоти Қазоқистонро нисбати хабарнигорони радио дар шаҳрҳои Нур-Султону Алмато маҳкум кард.