Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 08.04.2019

Президенти собиқи Руминия дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Собиқ президенти Руминия Ион Илиеску барои нақшаш дар ошӯбҳои хунини соли 1989, ки баъди саркӯби режими диктатории коммунистии Николай Чаушеску рӯй дод, дар додгоҳе посух хоҳад дод. Илиескуи 89-сола дар  ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешавад. Додситони кулли Руминия Августин Лазар рӯзи 8 апрел дар Бухарест гуфт, ки “барои низоми додгустарии Руминия дар амри иҷрои ӯҳдадориҳояш дар назди таърих як лаҳзаи хеле муҳим фаро расидааст”. Ба ҷавобгарӣ кашидани Илиеску ҳосили даҳсолаҳо тафтишоти ҷиноӣ аст... Читать дальше...

"Касе бошад, ки садои моро ба боло бирасонад"

Ozodi.org 

Созмони Милал аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон хостааст, ки ба аҳди худ барои риояти ҳуқуқи инсон вафо кунанд ва ҷилави таҳаммулнопазирӣ, барангехтани нафрат ва ҳамла ба лӯлитаборонро бигиранд.



Зуҳуров ҲНИТ-ро монеи пешрафт номид, ҲНИТ инро рад кард

Ozodi.org 

Раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, аз ҳизби дар Тоҷикистон манъшудаи Назҳати исломии Тоҷикистон ҳамчун “ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ном бурда гуфт, он “наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми” Тоҷикистон шудааст. Ҷаноби Зуҳуров ҳамчунин бо руҷуъ ба ширкаткунандагони 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар шаҳри Довҳаи Қатар рӯзи 8 апрел  гуфт... Читать дальше...

Тоҷикистон аз Русия хостааст, як бори дигар муҳоҷиронро афв кунад

Ozodi.org 

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, пешниҳодҳои онҳо барои “афви муҳоҷирони тоҷик” ба гӯши мақомоти Русия расидаанд ва онҳо иҷоза медиҳанд, то садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дигарбора ҳаққи бозгашт ба Русияро мегиранд.

Тоҷикистон хостааст, Русия як бори дигар муҳоҷиронро афв кунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, пешниҳодҳои онҳо барои “афви муҳоҷирони тоҷик” ба гӯши мақомоти Русия расидаанд ва онҳо иҷоза медиҳанд, то садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дигарбора ҳаққи бозгашт ба Русияро бигиранд.



Ахбори Озодӣ аз 8-уми апрели соли 2019

Ozodi.org 

Ҷилавгирӣ аз худкушии зане дар Хуҷанд, музокироти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Либия, изҳороти додситони кулли Тоҷикистон дар бораи куштори муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа ва коҳиши сармоягузориҳои Русия дар Тоҷикистон.

12 сарбози афғон дар Бодғис кушта шуданд

Ozodi.org 

Бар асари даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар вилояти Бодғис воқеъ дар ғарби Афғонистон, 12 сарбози афғон кушта шудаанд. Даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон аз 5 рӯз ба ин тараф дар Бодғис идома дорад. Вазорати дифои Афғонистон рӯзи душанбеи 8-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфт, ки дар 24 соати гузашта 12 тан аз нерӯҳои амниятӣ дар ноҳияи Боло Мурғоби вилояти Бодғис ҷон додаанд. Бо кушта шудани ин 12 тан, шумораи умумии кушташудаҳои нерӯҳои интизомии Афғонистон дар ин 5 рӯз ба беш аз 40 тан расид. Читать дальше...

Серебренников ва ҳамкоронаш аз ҳабси хонагӣ озод шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 8 апрел қарор кард, ки шароити нигаҳдории коргардон Кирилл Серебренников тағйир дода мешавад ва ӯву ҳамкоронаш метавонанд аз  ҳабси хонагӣ озод шуда, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташон  озод шаванд. Дар ин бора оҷонсии Интерфакс хабар дод. Ҳамроҳ бо Серебренников продюсер Юрий Итин и ва собиқ корманди вазорати фарҳанги Русия Софя Апфелбаум озод шуданд. Бо қарори 2 апрели додгоҳи ноҳияи Мешанский, Серебренников, Итина ва Апфелбаум бояд то 4 июл дар боздошт мемонданд. Читать дальше...

Эрдуғон барои мулоқот бо Путин ба Маскав рафт

Ozodi.org 

Рӯзи 8 апрел қарор аст дар Маскав мулоқоти президентони Русия ва Туркия – Владимир Путин ва Раҷаб Таиб Эрдуғон баргузор шавад. Ин мулоқот чанд рӯз баъди он барпо мешавад, ки таниши миёни Вашингтон ва Анкара бар асари нақшаҳои эҳтимолии низомии Туркия дар Сурия ва аз ҷониби Туркия харида шудани  системаи дифои мушакии сохти Русия афзоиш ёфтааст. Туркия як узви паймони НАТО аст ва таърихан равобиташ бо Русия хуб нест. Вале баъди хатми Ҷанги Сард равобити иқтисодии ду кишвар тақвият ёфт ва дар солҳои ахир ду кишвар бо ҳам наздиктар шуданд... Читать дальше...

Нигаронии ИМА аз ҷангҳо дар канораҳои Троблус

Ozodi.org 

ИМА гуфт, ки аз ҷангҳо дар наздикиҳои Троблус, пойтахти Либия “амиқан нигарон” аст ва аз фармондеҳ Халифа Ҳафтар, раҳбари Артиши худсари миллии Либия хост, ки муқовимати зидди шаҳрро “билофосила хотима диҳад”. Вазорати беҳдошти  ҳукумати созиши миллӣ, ки аз ҷониби СММ пуштибонӣ мешавад, гуфт, ки дар ҷангҳои 7 апрел 11 нафар кушта ва 23 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин задухӯрдҳо, ки дар қисматҳои ҷанубии Троблус рух дод,  нирӯҳои ҳукуматӣ ва низомиёни Ҳафтар  вориди даргирӣ шуданд. Артиши худсари миллии Либия аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешавад. Читать дальше...

Юсуф Раҳмон: "Соли гузашта 27 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд"

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон омори куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷро эълон кард. Юсуф Раҳмон гуфт, ки ҳолатҳои қатлу куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа назар ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтаст.

Порошенко аз Зеленский рӯзҳои мухталифи мунозираи пешазинтихоботиро пешниҳод карданд

Ozodi.org 

Президенти Украина Петро Порошенко гуфт, ки омода аст  бо рақиби интихоботиаш Владимир Зеленский дар мунозираи пешазинтихоботӣ иштирок кунад ва аз ӯ даъват кард, ки рӯзи 14 апрел дар варзишгоҳи марказии Олимпийский мулоқот кунанд. Бар асоси қонунҳои интихоботии Украина, номзадҳои аслии интихоботӣ бояд ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ бо ҳам мунозираи телевизионӣ барпо кунанд, вале маълум шуд, ки варзишгоҳи Олимпийский рӯзи 19 апрел банд будааст. Даври дуюм ва ҳалкунандаи интихобот 21 апрел баргузор мешавад. Читать дальше...

Дар пешорӯи обхезиҳо: Мақомоти эронӣ ба берунории бештари сокинон амр доданд

Ozodi.org 

Дар пешорӯи хатари обхезиҳои бештар мақомот ба берунории сокинони шаҳру деҳоти нав дар ҷанубуғарби Эрон амр доданд. Дар Эрон аз 19 март ба ин сӯ боронганиҳои шадид идома дорад ва дар натиҷа аз 31 вилояти кишвар садҳо деҳоту шаҳрҳои 26 минтақа  бо обхезиҳои шадид рӯбарӯ шудаанд. Дар офатҳои табиӣ то кунун 70 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Вилояти нафткаши Хузистон дар ҷанубуғарби Эрон назар ба дигар манотиқ хеле сахттар зиёд дидааст. Раиси вилоят Ғуломризо Шариатӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии ИРНА рӯзи 6 апрел гуфт... Читать дальше...

Вазири амнияти дохилии ИМА аз кор рафт

Ozodi.org 

Дар пасманзари густариши ташаннуҷ дар марзҳои ҷанубии ИМА, ки нигаронии Кохи сафедро ба бор оварда, боиси сар задани баҳсҳо миёни ҳукумати Доналд Трамп ва Конгресс шудааст, вазири амнияти дохилии ИМА Кирстен Нилсен истеъфо дод. "Сарфи назар аз пешрафти ҳосилшуда дар ислоҳи низоми амнияти миллӣ бо назардошти шароити нав, ман тасмим гирифтам, ки замони канорагириам фаро расид", - навишт Нилсен дар дархости истеъфояш, ки ба Трамп фиристодааст. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки вазири нав мақбули Конгрессу додгоҳҳо хоҳад шуд. Читать дальше...

Таҳдиди зиндон ба як зане барои таҳқири ҳамсари шавҳари собиқаш дар Фейсбук

Ozodi.org 

Як зани дорои шаҳрвандии дугонаи Бритониё ва Эрон барои таҳқири эҳтимолии ҳамсари нави шавҳари собиқаш дар Фейсбук метавонад аз ҷониби додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб  ба зиндон маҳкум шавад. Гурӯҳи бо номи “Боздоштшудаҳо дар Дубай” гуфт, ки Лола Шоҳравиши 55-сола моҳи март дар фурудгоҳи Дубай баъди он боздошт шуд, ки барои ширкат дар маросими хоксупории ҳамсари собиқаш рафта буд. Гурӯҳ гуфт, ки ин зан метавонад ба мӯҳлати то 2 сол зиндонӣ шуда, дар ҳаҷми 65 ҳазор доллар ҷаримабандӣ шавад. Ин зан дар он муттаҳам мешавад... Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Лоза

Певец Юрий Лоза обвинил в убийстве Владислава Листьева «финансовых воротил»





Rss.plus
Театр

Театр кукол «Ульгэр» выступил в райцентре Бурятии в День Пушкина - Россия, Культура, Дети




Депутат Хамзаев заявил, что новому главе Минспорта Дегтяреву нужно набирать опыт

«Это новая глава в истории армии России» – полковник США о назначении Белоусова

Зрители благодарно встретили Театр Вахтангова на сцене Государственного театра оперы и балета Удмуртии

В Орле пройдет лекция «Русские музы великих художников» (12+)




Ҳамаи 133 нозири андози як ноҳияи Тошкандро аз кор ронданд

Ozodi.org 

Рӯзи 5 апрел ҳамаи 133 нозири андози ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканди Ӯзбекистонро аз кор рондаанд. "Дастаи махсусе омад. Аз ҳамаи нозирон талаб кард, ки "бо хоҳиши худ ариза" нависанд. Гуфтанд, ки президент Мирзиёев ҳамин гуна дастур додааст. Ҳамаи 133 кормандро дар як рӯз сабукдӯш карданд", - гуфт як манбаи огоҳ. Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон ин хабарро шарҳ надод. Барканории дастаҷамъонаи кормандони андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 4 апрел бо ҳузури Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ҷаласа баргузор шуда буд. Читать дальше...

Фаронсавиҳо барои мубориза бо ВИЧ 4,5 млн евро хайр карданд

Ozodi.org 

Дар ҷараёни 25-умин марафони хайрияи Фаронса барои мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан - ВИЧ ва СПИД 4,5 миллион евро ҷамъ шуд. Ба иттилои Радиои байналмилалии Фаронса (RFI), ин маъракаи хайрия ҳамасола зери унвони "Sidaction" аз сӯи анҷумане бо ин ном баргузор мешавад, ки пажӯҳишҳои илмӣ ва барномаҳои марбут ба ВИЧ-ро сармоягузорӣ мекунад. Маъракаи имсола 5, 6 ва 7 апрел баргузор шуд. Бо пуле, ки дар маъракаи соли гузашта ҷамъ шуда буд, 37 тарҳи илмиро сармоягузорӣ ва 35 донишманди... Читать дальше...

Вазъ дар гузаргоҳҳои марзии Қирғизистону Қазоқистон муътадил шуд

Ozodi.org 

Ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки вазъ дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон дубора беҳтар шуда, гузаргоҳҳои гумрукӣ дар ҳолати муқаррарӣ кор мекунанд. Дар изҳороти ҳукумат омадааст, ки ҷониби Қазоқистон қабули мошинҳои борбари ҳомили маҳсули ниёзи аввали мардумро мисли гузашта оғоз кард. Интизор меравад, рӯзҳои наздик мушкили навбатпоӣ низ ҳал шавад. Бо дастури сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев як ҳайат бо раҳбарии раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Алмос Онолбеков ба Қазоқистон фиристода шудааст. Читать дальше...

"Ду вакили Гулнора Каримова дар ду рӯз ҳарфе ба забон наоварданд"

Ozodi.org 

Грегуар Манжа, вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова 5 апрел дар саҳифаи Твиттер нисбат ба фаъолияти ҳамкасбони ӯзбекистониаш изҳори назар кард.  "Декабри соли 2016. Ба ман бори аввал иҷозат шуд, ки бо Гулнора Каримова мулоқот кунам. Дар Тошканд муҳокимаи дурӯза баргузор шуд. Ин муҳокима беш аз 20 соат давом кард. Ду вакили мудофеъ, ки дар ин парванда ширкат мекарданд, дар ду рӯз ҳарфе ба забон наоварданд. Вакилони хомӯш. Зери фишор. #Адолати ноодилона", - навишт вакили мудофеъ. Вай ҳанӯз 1 апрел хабар дода буд... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Обеспечим ученикам комфортные условия



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Жена бывшего супруга Волочковой выписалась из роддома и рассекретила имя сына




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


WTA

Азаренко вышла в 1/16 финала турнира WTA-1000 в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России